21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт тариқи фосилавӣ 7 иншооти гуногунтаъйинотро мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Куруш–Бекободро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётии ноҳияи Ашт бунёд гардидааст.
Роҳи мошингарди Куруш–Бекобод масофаи 12,7 километрро фаро гирифтааст ва бо назардошти талаботи муосири роҳсозӣ бунёд гардида, барои таъмини ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоиди рафтуомади сокинон хизмат хоҳад кард.
Мавриди истифода қарор гирифтани ин роҳи мошингард барои сокинони деҳот ва маҳалҳои аҳолинишини минтақа аҳамияти зиёд дошта, имкониятҳои нақлиётӣ ва робитаи байни маҳалҳоро беҳтар менамояд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ роҳи мошингарди Хистеварз–Соҳилобро низ мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур дар масофаи 10 километр бунёд гардида, яке аз иншооти муҳими инфрасохторӣ ба ҳисоб меравад. Бунёди роҳи нав барои тақвияти робитаи нақлиётии байни маҳалҳои аҳолинишин, осон намудани дастрасии сокинон ба марказҳои хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли молу маҳсулот замина мегузорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Аштро низ ба истифода доданд.
Дар бинои нав, ки дар маркази ноҳия қомат афрохтааст, барои беш аз 50 нафар шароити муосири корӣ муҳайё карда шудааст. Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт барои самаранокии фаъолияти кормандони соҳа заминаи зарурӣ фароҳам меорад.
Осоишгоҳи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Бунёд, воқеъ дар мавзеи Аксикони деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт чорумин иншоотест, ки 21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонба он оғоз бахшиданд.
Осоишгоҳи Бунёд бо назардошти талаботи замони муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Истамой Мадалиева сохта шуда, барои қабули шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои истироҳату табобат пешбинӣ шудааст.
Иншоот барои 120 кат пешбинӣ шуда, баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ ва омодасозии инфрасохтори зарурӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар бинои нави осоишгоҳ барои 30 нафарҷойи кори доимӣ ташкил карда шудааст.
Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ муассисаи таҳсилоти томактабиро дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашт мавриди истифода қарор доданд.
Кӯдакистон барои 180 нафар пешбинӣ гардида, бо ба истифода додани он имконияти фарогирии кӯдакони деҳа ба таълиму тарбияи томактабӣ бештар мегардад.
Бунёди муассисаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Раҳмонзода Зоир Абдусамад сурат гирифтааст. Бо бунёди иншооти нави соҳаи маориф беш аз 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар қатори иншооти бунёдгардида ва мавриди истифода қароргирифта, майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт низ ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур бо мақсади ободонӣ, зебо гардонидани муҳити шаҳрак ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ бунёд гардида, ба симои меъмории шаҳрак ҳусни тоза зам менамояд.
Майдони Нишони давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои хоси фарҳанги миллӣ бунёд шуда, барои баргузории чорабиниҳои муҳимми ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ низ метавонад истифода шавад.
Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дар деҳоти Ориёни ноҳияи Аштро ба истифода доданд, ки он барои 240 хонанда шароити мусоиди таҳсилу тарбия фароҳам меорад. Бинои мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардидааст. Муассисаи нав дорои синфхонаҳои барҳаво ва шароити замонавӣ буда, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия заминаи муносиб фароҳам месозад.
Дар идома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Бобоҷон Ғафуров – Ашт ба масофаи 106 километр муаррифӣ гардид.
Ин роҳи мошингард аҳамияти байналмилалӣ дошта, тавассути ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд убур намуда, Тоҷикистонро бо Узбекистон пайванд месозад.
Лоиҳаи мазкур бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳо, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати нақлиёт таҳия шудааст. Сохтмони ин роҳ ба беҳтар гардидани алоқаи нақлиётӣ байни шаҳру ноҳияҳо ва рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳа барои осон намудани рафтуомади сокинон ва интиқоли молу маҳсулот аҳамияти зиёд дорад.
Сохтмони роҳ барои рушди саноат ва кишоварзӣ дар ин минтақа такони нав мебахшад. Бунёди роҳи мазкур шиддатнокии ҳаракати нақлиётро ба таври назаррас меафзояд, дар канори роҳ нуқтаҳои сершуморихизматрасонӣ пайдо мешаванд ва истеҳсоли мол дар минтақа афзоиш ёфта, муносибатҳои тиҷоратиро бо Ҷумҳурии Узбекистон афзун менамояд.
















