Санаи 4 уми август дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти раёсати Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон ҷаласаи назоратӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарият, сардорони раёсатҳо, кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок намуданд.
Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. ҷаласаро оғоз намуда, ҷиҳати иҷрои босифату саривақтии ваколатҳои мансабӣ ва тақвияти фаъолияти соҳавӣ суханронӣ намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки назорати риояи қонунгузорӣ ва танзими фаъолияти субъектони комплекси нақлиётӣ вазифаи меҳварии мост. Ҳифзи роҳҳои автомобилгард аз вайроншавии бармаҳал ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон бояд дар авлавияти фаъолияти ҳар як корманд қарор дошта бошад.









Post Views: 58
