Дар соҳаи нақлиёти пойтахт чорабиниҳои назоратӣ шиддат мегиранд. Рӯзи 12 июни соли 2026, бо мақсади таъмини тартибот ва бехатарии ҳаракат дар роҳ, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе рейди муштараки дастаҷамъона доир гардид.
Дар ин чорабинии назоратӣ нозирони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, мутахассисони лоиҳаи «City Card», намояндагони Ҳукумати шаҳри Душанбе ва хабарнигорони шабакаи телевизионии «Dushanbe-HD» иштирок намуданд.
Ҳадафҳои асосии рейд:
Пешгирӣ намудани вайроншавии бармаҳали қабати роҳҳо аз ҷониби воситаҳои нақлиёти вазнинвазн;
Назорат ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти истифодаи умум;
Танзими сару либоси (uniforma) ронандагони нақлиёти мусофирбар.
Дар рафти амалиёт чанде аз воситаҳои нақлиёти мусофирбари хатсайрӣ (маршрутӣ), ки бе варақаи хатсайр ва роҳхат ба мусофиркашонӣ машғул буданд, муайян ва фаъолияти онҳо бартараф карда шуд. Инчунин, пеши роҳи воситаҳои нақлиёти боркаши ғайриқонунӣ, ки бе иҷозатнома (лицензия) ва роҳхат фаъолият мекарданд, гирифта шуд.
Дар фарҷом, фаъолияти мутахассисони Раёсати ХДНТСН дар шаҳри Душанбе барои таъмини назорати ҷиддӣ ва ҳифзи ҳуқуқи пиёдагардону тамоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мусбат ва самаранок арзёбӣ гардида, сазовори баҳои баланд гардид.


































