Дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ ва динӣ — Иди саиди Қурбон, бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт як силсила амалҳои башардӯстона ва корҳои хайру саховат ба сомон расонида шуд.
Ин иқдоми нек дар заминаи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзиманди аҳолӣ ташкил карда шуд.
Дар доираи ин ташаббус, аз ҳисоби маблағҳои хайриявии роҳбарияти Хадамот ба зиёда аз 40 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд, аз ҷумла ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат кӯмаки моддии яквақта расонида шуд. Ба ин кӯмакҳо маводи ғизоии аввалияи рӯзгор, аз қабили орд, равған, биринҷ, гӯшт ва шакар дастрас карда шуданд.
«Дастгирии ҳамдигар ва овардани файзу баракати ид ба хонадони ниёзимандон, қарзи инсонӣ ва рисолати иҷтимоии ҳар яки мост». — Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ.
Мақсад аз ин амали хайрхоҳона, саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани шароити зиндагии ин оилаҳо ва эҳсос намудани файзу баракати рӯзҳои ид дар хонадони ҳар як ниёзманд мебошад.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт минбаъд низ заминаҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода, дар рӯзҳои ҷашну маросимҳо дастгирии собиқадорон ва оилаҳои эҳтиёҷмандро давом медиҳад.
