Варзиш рамзи солимиву зебоӣ ва пайвандгари дӯстию ҳамдилӣ аст. Бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии футбол», бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Вазири нақлиёт» доир гардид, ки дар он дастаи футболи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт шарафи ниҳодро бо муваффақияти беназир ҳимоя намуд.
Дастаи футболи Хадамот, ки аз рӯзҳои аввали омодагӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва маҳорати касбӣ вориди майдон шуда буд, ҳадафи асосии худ — нишон додани бозии зебо, ягонагӣ ва фатҳи қуллаи баландтаринро устувор нигоҳ дошт. Мусобиқаи мазкур пас аз маросими қуръакашӣ санаи 7 майи соли 2026 дар бинои Вазорати нақлиёт расман оғоз ёфта, намояндагони Хадамот дар раванди тамоми бозиҳо устуворӣ, иродаи қавӣ ва тактикаи ҳамоҳангшударо намоиш дода, пайиҳам бар ҳарифони худ пирӯзӣ ба даст оварданд.
Дар бозии ниҳоӣ (финалӣ) футболбозони мо маҳорати дучанд нишон дода, сазовори “Ҷойи Аввал” гардиданд ва дар вазъияти ботантана аз ҷониби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Азим Иброҳим ба дастаи ғолиб Мукофоти олии мусобиқа — «Ҷоми Вазири нақлиёт», Ифтихорномаҳои “Беҳтарин Ҳамлагар”, “Беҳтарин Дарвозабон” ва медалҳо супорида шуд.
Бо назардошти ин дастоварди беназир ва зафари бузург, аз ҷониби Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, муҳтарам Қурбонзода Далер Қурбон ҷаласаи ботантана доир гардид. Сардори Хадамот футболбозони зафармандро барои нишон додани маҳорати баланд, иродаи қавӣ ва сарбаланд намудани номи ниҳод устуворона табрик гуфта, ба ҳар як аъзои даста Сипосномаи расмӣ ва мукофотпулиҳои ҳавасмандкунанда супорид. Роҳбарият қайд намуд, ки чунин муваффақиятҳо рӯҳияи ҳамдилиро дар байни кормандон боз ҳам қавӣ мегардонад.
Роҳбарият ва аҳли кормандони Хадамот ин зафари бузург ва таърихиро ба ҳамаи аъзоёни даста ва мухлисон самимона табрик гуфта, ба футболбозони мо дар фаъолияти хизматӣ ва майдонҳои варзишӣ муваффақиятҳои навро хоҳонанд!
Ғалаба ва “Ҷоми Вазири нақлиёт” муборак бошад!






















Lorem ipsum dolor sit amet, consectetur adipiscing elit. Ut elit tellus, luctus nec ullamcorper mattis, pulvinar dapibus leo.
