Ҷиҳати риояи гардидани талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №569 аз 8.11.2011 кормандони Хадамот ҳамарӯза дар нуқтаҳои назоратию баркашӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркашро зери назорат қарор дода, риояи маҳдудиятҳои мавсимиро дар соатҳои муайяншуда аз ронандагон қатъӣ талаб менамоянд. Ҳолатҳои аз меъёри муқарраргардида зиёд бор кардани бор ба воситаи нақлиёт ошкор ва нисбати қоидавайронкунандагон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба расмият дароварда шуда, ҳамзамон бори аз меъёр зиёд фароварда, тавассути дигар воситаи нақлиёт интиқол дода мешавад.







