Санаи 6 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба муносибати Рӯзи Модар бо иштироки роҳбарияту кормандони Хадамот ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ занону бонувони Хадамот ва дар симои онҳо ҳамаи модарони тоҷикро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музафариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати инсонофариву ҳаётбахши модарони тоҷикро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад.
Рӯзи Модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол муждаи оғози фасли баҳор ва фарорасии ҷашни Наврӯзи дилафрӯз буда, аз мутобиқати сиришти занону духтарони тоҷик ба зебоиву рангорангии табиати Тоҷикистон башорат медиҳад.
Дар ҷамъомади тантанавӣ заҳмати шарафманду хизмати содиқонаи занону духтарони тоҷик дар соҳаи нақлиёт, махсус таъкид карда шуд. Бо мақсади арҷгузорӣ ва хизматҳои арзанда, фаъолияти пурсамар ва таҳкими эҳсоси қадрдонӣ занон-бонувони соҳа бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ шуданд.






