Санаи 4 марти соли 2026 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар мавзуи “Рақамикунонии соҳаи нақлиёт дар меҳвари Паёми Пешвои миллат” бо иштироки роҳбарияту кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот семинари омӯзишӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки рақамикунонии иқтисодиёт ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсия” эълон гардидааст, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2025, №АП-815 тасдиқ шудааст ва амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №460 “Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ҳадафи он ин тақвият бахшидани раванди рақамикунонии соҳаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла соҳаи нақлиёт ва муайян намудани қадамҳои минбаъда дар самти самаранок амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузариш ба ҳукумати электронӣ, истифодаи мақсадноки технологияи рақамӣ ва расидан ба гардиши электронии ҳуҷҷатнигорӣ дар сохторҳои алоқаманд мебошад.
Тавре ки маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави гузариш ба иқтисоди рақамӣ қарор дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни кишвар ба роҳ монда, солҳои охир ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст, ки рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла нақлиёт барои беҳтар намудани хизматрасониҳои нақлиётӣ ва соддагардонию шаффофияти фаъолияти сохторҳои низоми Хадамот мусоидат менамояд.
Сипас, аз ҷониби иштирокдорони чорабинӣ дар мавзуҳои “Масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи нақлиёт”, “Таҳлили Паёми Пешвои миллат дар соҳаи нақлиёт ва рақамикунонии соҳа” ва “Рақамикунонии низоми хизматрасониҳо ва тариқи ғайринақдӣ ба роҳ мондани фаъолият дар партави Паёми Пешвои миллат” маърузаҳо ироа карда шуд.
Ҳамзамон, дарҷ гардид, ки дар Паём масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи мадании Тоҷикистон ҳамчун чароғи фурӯзон ва роҳнамову пешбарандаи ҷомеа нишон дода шудааст.
Баъдан, бо мақсади гузариш ба низоми рақамӣ, коҳиш додани ҳуҷҷатнигории коғазӣ ва соддагардонии фаъолияти нозирон дар роҳҳои автомобилгард, кормандони Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе бо планшетҳои махсусгардонидашуда таъмин карда шуданд.
Ин иқдом имконият медиҳад, ки тартиб додани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва қабули қарорҳои дахлдор дар замони воқеӣ (online) сурат гирад, пардохти ҷаримаҳо ба таври ғайринақдӣ ва фаврӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол дода шавад ва вақти корӣ сарфа гардида, шаффофияти фаъолияти нозирон ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳои мансабӣ таъмин карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки иқдоми мазкур марҳилаи аввали нақшаи рақамикунонии соҳа буда, дар назар аст, ки дигар воҳидҳои сохтории Хадамот низ давра ба давра бо таҷҳизоти муосири технологӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд.
Дар анҷом бо садо додани Суруди миллӣ чорабинӣ ба анҷом расид.










