Афсарону сарбозони шуҷои Ватан ва ҳамкасбони азиз!
Бо камоли ифтихор ва эҳтироми бепоён, ҳамаи шумо ва дар симои шумо кулли мардуми шарифи кишварро ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.
Ҳифзи истиқлолият, амният ва суботи давлат яке аз муқаддастарин арзишҳои ҳар миллат ба шумор меравад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар нақши бузург доранд. Таҷлили 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ нишонаи эҳтироми амиқи мардум нисбат ба муҳофизони Ватан ва рамзи ифтихори миллӣ мебошад.
Ин санаи таърихӣ барои ҳар шаҳрванди худогоҳ аҳамияти хос дорад, зеро он баёнгари роҳе аст, ки Артиши миллӣ дар муддати солҳои соҳибистиқлолӣ тай намудааст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби бузурги мардонагӣ, матонату шуҷоат ва кафолати зиндагии орому осудаи халқ таҳти роҳбарии Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ – Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтори муташаккилу муҷаҳҳаз табдил ёфтааст, ки дар ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он нақши бузургу созанда дорад.
Артиши миллии мо маҳсули даврони Истиқлоли давлатӣ ва яке аз сутунҳои асосии давлатдории миллии мо ба шумор меравад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат ва ҳимоятгари сулҳу суботи кишвар аст.»
Маҳз ба шарофати шабзиндадориҳои ҳимоятгарони Ватан, имрӯз мо дар фазои орому осоишта кору фаъолият мекунем ва соҳаи нақлиёти кишвар низ дар роҳи рушди устувор қарор дорад.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус мактаби ҷасорату матонат ва ватандӯстист.
Иди Артиши миллӣ, иди далериву мардонагӣ, иди муҳофизони шуҷои Ватан мебошад. Яқин аст, ки ҳар яки Шумо ватандӯстони асл ҳастед ва дар ободиву дифои Ватани азизамон ҳиссаи бузург доред.
Бори дигар, дар ин санаи таърихӣ ба ҳамаи шумо, ҳомиёни шуҷои Ватан, саломатии бардавом, иродаи қавӣ, хонаободӣ ва дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвари азизамон зафару комёбиҳои беназир таманно дорам.
Ҷашни 33-солагии Артиши миллӣ муборак бошад!
