Дар шаҳрҳои Загреби Ҷумҳурии Хорватия, Афинаи Ҷумҳурии Юнон ва Амстердами Шоҳигарии Нидерландия семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Барномаи муаррифкунандаи ҳолати бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва таъмини сифат ҳангоми сохтмони роҳҳо” баргузор гардид.
Дар кори семинари мазкур ҳайати васеи намояндагони сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла:
Вазорати нақлиёт;
Вазорати молия;
Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо;
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт;
КВД “Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”;
МД “Маркази таълимии роҳсозон ва муҳандисони машваратӣ” иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии сафар шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами кишварҳои Аврупо дар самти истифодаи технологияҳои муосир барои назорати сифати роҳсозӣ ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад.







