Санаи 5 ноябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба муносибати фарорасии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябр) ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Конститутсия – таҳкимбахши назорат ва танзими комплекси нақлиётӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот, инчунин меҳмонони даъватшуда фаъолона иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо ва мубодилаи афкор, таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муҳимтарин санади давлатдорӣ ва арзишмандтарин дастоварди даврони Истиқлолият дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ пояи суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистони навин гардид.
Иштирокчиён ба таври махсус изҳор доштанд, ки маҳз бо ташаббусу роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи амалкунанда бо 10 боб ва 100 моддаи худ ба сифати меъёри ягонаи ҳуқуқӣ қабул шуда, имрӯз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун ва рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро таъмин менамояд.
Пойдории сулҳу субот, созандагиву бунёдкорӣ, эҳтироми арзишҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани зиндагии орому устувор маҳз дар татбиқи босамари Конститутсия имконпазир гардидааст.
Ба андешаи иштирокдорони ҳамоиш, Конститутсия ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ ва рамзи худшиносии миллӣ, ифтихор ва пешрафти давлатдории тоҷикон мебошад.
Бахусус, таъкид шуд, ки меъёрҳои Конститутсия заминаи устувори ҳуқуқиро барои таҳкими назорат ва танзими самарабахши комплекси нақлиётии кишвар фароҳам оварда, роҳбарият ва кормандони Хадамотро ба иҷрои масъулиятноки вазифаҳои касбиашон ҳидоят менамояд.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён якдилона азми худро ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи босамари меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои кишвар, ки ба рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёт мусоидат мекунанд, баён доштанд.
