Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ, рӯзи 13 сентябри соли 2025 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт шанбегии умумӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ роҳбарият ва тамоми кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот фаъолона иштирок намуда, корҳои тозаву озода ва ободу зебо гардонидани гирду атрофи бинои идора, ҳуҷраҳои корӣ, ҳавлӣ ва майдончаҳои ҳамшафатро анҷом доданд.
Асосан, корҳои зерин иҷро карда шуданд:
Тоза кардани ҳудуди бино аз партовҳо ва алафҳои бегона;
Шустушӯ ва озода кардани ҳуҷраҳои корӣ, тирезаҳо ва дарҳо;
Ниҳолшинонӣ ва гулкории атрофи бино барои зебоӣ ва сабзгардонӣ;
Тоза кардани роҳравҳо, майдончаҳо ва ҳавлии идора;
Назорат ва танзими ҳолати умумии бино ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва тозагии муҳити корӣ.
Ин шанбегӣ бо ҳадафи ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани фарҳанги тозагии ҷомеа ва саҳм гузоштан дар ободонии пойтахт ва кишвар баргузор гардид. Кормандон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар ин чорабинӣ ширкат варзиданд, ки ин амалҳо ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва рушди соҳаи нақлиёт мусоидат менамояд.
Ин чорабиниҳо на танҳо барои тозагии муҳит, балки барои тарбияи рӯҳияи ҷамъиятӣ ва ҳамбастагӣ миёни кормандон муҳим аст. Ӯ ҳамаи кормандонро ба муносибати ин ҷашн табрик гуфта, баҳри пешрафти соҳа ва хизмати содиқона ба Ватан даъват намуд.
Ин шанбегӣ ҳамчун як қисми омодагӣ ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор шуда, кормандони Хадамот минбаъд низ дар чунин корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард.














