Дар санаи 16 июли соли 2025 дар бинои КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”натиҷагири аз фаъолияти нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якуми Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт – Раҳимзода М.У., ҳайати роҳбарикунандаи корхона, сардори Раёсат, сардорони шӯъбаҳо, мудирони бахшҳо ва роҳбарони филиалҳои корхона иштирок намуданд.
Сараввал директори корхона муҳтарам Саидзода С.С. суханрони намуда қайд намуданд, ки дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ соҳаи нақлиёт мавқеи муҳим дошта, яке аз соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи нақлиёт аҳамияти хоса дода, барои пешрафт ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳа вазифаҳои навбатиро ба миён гузоштанд.
Корхона дар самтҳои фаъолияти кории худ дар нимсолаи якуми соли 2025 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, баҳри боз ҳам баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо, таъмини риояи меъёрҳои муқарраргардида ва пешгирии пурраи ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ба филиалҳои корхона супоришҳо додан. Дар давраи нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба суратҳисоби корхона нишониҳандаҳои истеҳсоли дар умум 131.6 % -ро ташкил додааст.
Вобаста ба ин дар нимсолаи якуми соли 2025 дар корхона, бо Фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.02 соли 2025, №28 ҷиҳати пешгирӣ аз вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёи гаронвазн дар км 45+600 қитъаи ҳамшафати роҳи автомобилгарди РБ10 Данғара-Леваканд-Бохтар, ва дар км 3+100 қитъаи ҳамшафати роҳи автомобилгарди аҳамияти ҷумҳурияви доштаи Чимтеппа-Ҳисор, аз 17.02 соли 2025 №33 нуқтаҳои баркашӣ ташкил карда шуда, барои пешбурди фаъолияти корӣ шароит муҳайё карда шудааст.
Ба мақсади омузуши таҷрибаи пешқадам дар самти таҷҳизотҳои вазнченкунӣ мутахассисон аз тарафи шуъбаи иттилоотӣ ва рақамикунонӣ корхона ба Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шуданд, ҳоло дар ин самт тибқи нақша корҳо рафтаистодааст.
Дар ҷаласа вобаста ба иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, Ҳукумати электронӣ, стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар корхона Нақша-чорабиниҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи нақлиётро ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.



