Санаи 3-юми июни соли 2025 дар назди Сардори Хадамот -Қурбонзода Д.Қ ҷаласаи назоратӣ баргузор гардида, якчанд масъалаҳои корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сардори Хадамот ба масъалаи сарфакорона истифодабарӣ ва пешгирии ғайриқонуни қувваи барқ диққати кормандонро ҷалб намуда, ҳамзамон дастур доданд, ки ҳамаи воҳидҳои сохторӣ дар ин хусус огоҳонида шаванд. Дар идомаи ҷаласа нисбати маълумот ва ҳисоботҳои моҳонаи пешниҳоднамудаи раёсатҳои зертобеъ, асоснокӣ ва дурустии онҳо қайд карда шуда, ҳамзамон талаб карда шуд, ки ҳисоботҳои воҳидҳои сохторӣ бо шуъбаи рақамӣ ва таҳлилию иттилоотӣ муқоиса карда шавад. Муҳлат муқаррар гардид, ки то охири моҳи июн ҳамаи протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмури тартибдодашуда ба барнома пурра ворид намоянд. Сипас натиҷаи корҳои анҷомдодашуда дар самти ситонидани маблағи ҷаримаҳо алоҳида таҳлилу баррасӣ шуда, вазифаҳои навбатӣ гузошта шуданд. Ҳамаи сардорони Раёсатҳои минтақавӣ вазифадор гардиданд, ки нисбати пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва риоя намудани маҳдудиятҳои мавсимӣ назорат дучанд пурзӯр карда шавад. Нисбати корхонаҳои истеҳсолкунанда, алалхусус Моҳирсемент, Ғаюрсемент ва карерҳои коркарди қумум шағал чораандешӣ шавад.Бо мақсади беҳтар намудани шароитҳои корӣ дар нуқтаҳои баркашӣ масъалагузорӣ гардид, ки як намуди дизайни хонавагон интихоб карда ва марҳила ба марҳила тамоми хонавагонҳои қаблии нуқтаҳои баркашӣ иваз карда шавад. Ҳамчунин роҳбарияти КВД “МСКХСН” оид ҳавасмандгардонии экспертони корхона ва саривақт пардохт гардидани маош ва хароҷоти сафарҳои хизматӣ кормандон вазифадор карда шуд. Нисбати масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.