Бо мақсади эмин нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард аз вайроншавии бармаҳал Хадамот дар ҳамшафати роҳҳо нуқтаҳои баркашӣ ташкил намуда, вазни воситаҳои нақлиёти боркаш ҳангоми гузариш тавассути таҷҳизотҳои баркашии динамикии худкор, статсионарӣ ва мобилӣ баркашида мешаванд. Бори аз меъёр зиёди онҳо ҳатман фароварда шуда ва ё тариқи дигар воситаи нақлиёт интиқол дода мешаванд. Реҷаи кории нуқтаҳои баркашӣ шабонарӯзи буда, тибқи ҷадвали навбатдорӣ кормандони Хадамот дар якҷоягӣ бо экспертони КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» назоратро таъмин намуда истодаанд. Дар баробари ба меъёр даровардани вазни бор нисбати интиқолдиҳанда низ чораҳои маъмурӣ татбиқ мегардад.
Дар натиҷаи пурзӯр намудани назорат гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазн ба маротиб кам гаштааст.







