Дар асоси фармоиши Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт «Дар бораи гузаронидани озмун» мутобиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, банди 6-и Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ шудааст бо мақсади интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок, инчунин таъмини болоравии касбии хизматчиёни давлатӣ барои ишғоли мансабҳои холии маъмурӣ дар Хадамот озмун гузаронида шуд.


