Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст, моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро таъмин намоем.
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори ҳадафҳои стратегие мебошад, ки ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шудааст. Ин ҳадаф сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурӯдгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ дар бар мегирад, ки амалишавии он тадриҷан бояд ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, онро ба минтақаи транзитӣ табдил диҳад.
Санаи 28 декабри соли 2024 дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми Олии қонунгузори мамлакат Маҷлиси Олӣ дарҷ карданд, ки соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Аз ҷумла, роҳҳои мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ ба дарозии 76 километр ва «Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара» – 69 километр ба маблағи 800 миллион сомонӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шуданд.
Соли 2024-ум таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди «Данғара – Гулистон» – 50 километр ва «Гулистон – Фархор» ба дарозии 33 километр оғоз гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронӣ қайд карданд, ки дар соли 2025 дар ҳудуди вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 52 километр роҳҳои мошингарди аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта ва дар мавзеи Барсеми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,5 километр роҳ, 550 метр долонҳои зидди тарма, пул бо дарозии 82 метр аз болои дарёи Шорф ва пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр ба анҷом расонида мешавад.
Солҳои охир таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ вусъат пайдо карда, танҳо дар соли 2024-ум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва мардуми Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 23 пул ба анҷом расидааст.
Бо таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард дар зарфи панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид.
Дар баробари ин, Пешвои миллат моро вазифадор карданд, ки ҷиҳати татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сари вақт ва бо риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду азнавсозии роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти роҳҳо, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоем.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлӣ дар ҷумҳурӣ бо сабабҳои ноустувории сиёсӣ ва иктисодӣ 80 фоизи инфрасохтори системаи нақлиётӣ корношоям гардида буд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва танзиму назорати комплекси нақлиётӣ бо қарорҳои Ҳукумати кишвар 27 июли соли 1998 дар назди Вазорати нақлиёт Инспексияи нақлиётӣ ва аз 3 марти соли 2007 таҳти №107 Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таъсис дода шуд. Дар самти амалигардонии сиёсати созандагии Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат аз соли 2000 cap карда стратегияи махсуси рушдии комплекси нақлиёт то соли 2025 қабул гардид, ки натиҷаҳои ин стратегия имрӯз баръало дида мешаванд.
Дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо мардуми сарбаланди кишвар ба ин ҳадафи стратегӣ ноил шудем. Боиси тазаккур аст, ки Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт мақоми назорати давлатӣ дар комплекси нақлиётӣ мебошад, ки назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи оҳан, барқӣ ва саноатӣ, хоҷагии роҳҳо ба анҷом расонида, фаъолияти онҳоро ба танзим медарорад ва барои комплекси нақлиётӣ дар амалисозии ин ҳадаф нақши назарраси худро тавассути назорат ва танзим гузошта истодааст.
Дар баробари дигар масъалаҳое, ки Пешвои миллат дар паёми худ дарҷ намуданд, доир ба масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он низ назари хосса зоҳир намуданд.
Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он сайъу талош намоем.
Иддае аз тарҳҳои Тоҷикистон хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, дастрасии ҷумҳуриро ба бандарҳои баҳрӣ ва шоҳроҳҳои транзитии дигар кишварҳо таъмин хоҳанд кард.
Ба кишвари транзитӣ дар минтақа табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти иқтидорҳои транзитгузаронии он чун яке аз марҳилаҳои муҳими ҳадафҳои рушди кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Бояд гуфт, ки амалӣ шудани баъзе нақшаҳо дар доираи ин ҳадафи стратегӣ барои рушди кишвар ва ҳамкориҳои он бо кишварҳои минтақа имкониятҳои зиёд фароҳам оварданд.
Масъалаи дигар – беҳтар намудани фаъолияти нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, мустаҳкам намудани робитаҳои нақлиётии кишвар ва тадриҷан ба хатҳои транзитии миёни давлатҳо табдил додани шабакаи роҳҳои оҳану автобомилгарди ҷумҳурӣ мебошад. Ба ин хотир дар сохторҳои марбута (нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан) дигаргуниҳо сурат гирифтанд, назди онҳо вазифаҳои нав гузошта шудаанд.
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба рушди шабакаи роҳҳо тақвият бахшида, ҷиҳати амалӣ шудани ин ҳадафи стратегии кишвар мусоидат менамояд. Вобаста ба рушду равнақи сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва иншооти он, маблағҷудокунии буҷавӣ барои нигоҳдории роҳҳо, ҷиҳати таъмини ҳаракати пайваста ва бехатари воситаҳои нақлиёт низ дар ин давра тамоюли пайвастаи рушдро касб намудааст.
Дар натиҷаи амалӣ намудани марҳилаи аввали ҳадафи стратегии рушди кишвар, яъне раҳоӣ додани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дар мамлакат бунёд гардидани шабакоти воҳид ва таъминкунандаи равобити нақлиёти дохилӣ ва баромадан ба кишварҳои ҳаммарз, нишондиҳандаҳои асосии хизматрасониҳои нақлиётӣ тадриҷан рушд ёфта, тамоюли пайвастаи рушдро касб намудаанд.
Дар шароити ҷойгиршавии ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93% -и масоҳати онро куҳҳо ташкил медиҳад, истифода ва рушди нақлиёти автомобилӣ нисбат ба дигар намудҳои нақлиёт афзалият дорад.
Бо мақсади ҳимояи бозори нақлиёти ватанӣ, соддагардонии амалиётҳои гумрукӣ, инчунин барои баланд бардоштани иқтидори транзитии воситаҳои нақлиёт оғоз аз соли 2007 ба бунёди терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ ва сохтмонҳои марказҳои логистикӣ диққати махсус дода шуда, дар ин давра 9 адад терминали замонавии байналмилалии боркашонӣ, ки аз онҳо 3 адад терминалҳои фосилавӣ ва 6 адад терминалҳои наздисарҳадӣ дар гузаргозҳҳои Сарҳади давлатӣ бо кишварҳои ҳамсоя бунёд гардидаанд.
Ҳамзамон, дар самти хизматрасонии мусофирбарӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар 5 адад терминали ҳозиразамони мусофирбарӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Дар самти ҳамлу нақли байналмилалии бор зиёда аз 25 адад ширкатҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҳамкорӣ бо 3 Ассотсиатсияҳои байналмилалии автомобилии боркашонӣ (АВВАТ, АIATT ва ЛТ) дар асоси созишномаҳои байналмилалии дуҷонибаю бисёрҷониба бо зиёда аз 20 кишвари хориҷи дуру наздик ҳамлу нақлро амалӣ карда истодаанд.
Яке аз масъалаҳои муҳими Хадамот аз давраи арзи ҳастияш то кунун ба талаботи сиёсӣ ва иқтисодиёти ҷумҳурии соҳибистиқлол мувофиқ кунонидани фаъолият ва бо ин васила пешгирӣ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазни борашон аз меъёри муқаррарӣ зиёд, аз ҷумла пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳҳо ва таъмини назорату танзимӣ коплекси нақлиётӣ ба шумор меравад.
Бо мақсади амалӣ намудани ин масъалаи басо муҳим айни ҳол бахшу шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот самаранок ва ҳадафманд фаъолият карда истодаанд, ки корро дар ин самт ҷоннок мекунанд. Роҳбарият ва кормандони Хадамот саҳми худро дар рушди комплекси нақлиётии кишвар тавассути назорат ва танзими комплекси нақлиётӣ гузошта истодаанд.
Бо боварии том гуфта метавонем, ки роҳбарият ва кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар заминаи сиёсати ояндабинонаву бунёдкорона ва ҳидояту сарпарастии пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзандаи худро тавассути назорат ва танзими комплекси нақлиётӣ ва таъмини хизматрасонии хуби нақлиётӣ дар оянда низ хоҳанд гузошт.
Сардори
Хадамоти давлатии назорат
ва танзим дар соҳаи нақлиёт
Қурбонзода Д.Қ.