Ҳангоми гузаронидани корҳои нозиротӣ ва рейдҳо кормандони бахши Ҳамадонӣ-Фархор санаи 04.02.2025 ҳолатҳоеро ошкор намуданд, ки воситаҳои нақлиёти боркаш аз карьерҳои коркарди қуму шағал борҳоро аз меъёри муқарраргардида зиёд бор карда ва бе пардаи ҳимоявӣ тавассути роҳҳои автомобилгард интиқол медоданд. Нисбати 25 нафар ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба расмият дароварда шуда ва ҳамчунин 8 тонна бори зиёдати фароварда шуд.


