Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Забони давлатӣ – яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва омили асосии пайвандбахшу муттаҳидкунандаи ҷомеа» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Далер Қурбон бо сухани ифтитоҳӣ ва паёми табрикотӣ оғоз намуда, ҳозирин ва кулли кормандони соҳаро ба муносибати ин санаи фархунда аз самими қалб муборакбод намуд.
Сардори Хадамот таъкид дошт, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва омили асосии пайвандбахшу муттаҳидкунандаи ҷомеа мебошад. Он таърихи пурғановати миллат, ҷаҳонбинӣ, фарҳанг ва хотираи маънавии халқи моро дар худ таҷассум намуда, арзишҳои муқаддаси миллиро аз насл ба насл бехалал интиқол медиҳад.
Дар баромад аҳамияти таърихии сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз, рушду камоли забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми он махсус қайд карда шуд. Аз ҷумла, татбиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» заминаи мустаҳкамро барои нигоҳ доштани асолати забон фароҳам овардааст.
Дар раванди маҷлис масъалаҳои риояи қатъии меъёрҳои забони адабӣ, истифодаи саҳеҳи истилоҳоти соҳавӣ ва таҳияи босифату саводноки ҳуҷҷатҳои расмӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки забон воситаи асосии идоракунӣ, муошират ва интиқоли иттилоот дар низоми нақлиёт буда, саводнокии забонӣ бевосита ба сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва эътимоди шаҳрвандон таъсир мерасонад.
Инчунин, дар чорабинӣ маърузаҳо доир ба таърихи беш аз 2500-солаи забони тоҷикӣ, нақши он дар даврони Ҳахоманишиёну Кӯшониён ва Сомониён, аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мақоми байналмилалии забони тоҷикӣ шунида шуданд.
Дар хатми маҷлис қарори дахлдор қабул гардид, ки мувофиқи он ба ҳамаи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати риояи ҳатмии талаботи қонунгузории забон, пурра ба забони давлатӣ роҳандозӣ намудани коргузорӣ ва мукотибаҳои расмӣ, танзими ягонаи истилоҳоти соҳаи нақлиёт ва назорати доимии сифати ҳуҷҷатнигорӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.
