Санаи 5.01.2026 дар толори маҷлисгоҳи Хадамот ҷаласаи вамбастии фаъолияти Раёсати ХДНТСН дар минтақаи Ҳисор дар соли 2025 бо иштироки роҳбарияти Хадамот баргузор гардида, дастовардҳои ноилгардида ва камбудиҳои ҷойдошта ҳаматарафа муҳокима ва таҳлилу барраси шуда, ҷиҳати пурра ба танзим даровардани фаъолияти комплекси нақлиётӣ дар минтақаи вобасташуда ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо вазифаҳои навин гузошта шуданд. Ба масъалаҳои корбарӣ бо барномаҳои рақамӣ, пурра пешгири намудани ҳараки воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард, сари вақт пардохти маблағи ҷаримаҳои басташудаи протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ,нигоҳдори ва дурусту оқилона истифодабарии роҳҳои автомобилгард диққати махсус дода шуда, оид ба ин ва дигар самтҳои фаъолият дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.


















