Қайд намудан ба маврид аст, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар мустақилона сарнавишти миллати тоҷикро барои як давраи дигар муайян месозанд. Яъне, дар заминаи Паём Сарвари давлат ормонҳо ва ҳадафҳои миллатро дар шакли барномаву дастурҳои мушаххас дақиқ месозанд ва онҳоро барои амалӣ намудан пешкаши ҷомеа менамоянд.
Ин Паёмҳо на танҳо ҳуҷҷатҳои сиёсӣ, балки роҳнамои ҳақиқӣ барои рушди устувори кишвар мебошанд, ки дар онҳо таҳлили дақиқи вазъияти кунунӣ, мушкилот ва имкониятҳои оянда дарҷ гардидаанд. Онҳо ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, барои ҳар як шаҳрванд ва масъулин вазифаҳои мушаххас муайян мекунанд.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.
Дар ин ҳуҷҷат, Сарвари давлат на танҳо натиҷаҳои дастовардҳои соли гузаштаро ҷамъбаст мекунад, балки ҳадафҳои стратегӣ барои солҳои ояндаро муайян месозад, ки ба рушди иқтисодӣ, беҳдошти иҷтимоӣ ва таҳкими амният нигаронида шудаанд.
Масалан, дар Паёми имсола таъкид шудааст, ки соли 2025 соли таърихӣ барои Тоҷикистон буд, ки дар он интихоботи шаффофу озодонаи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор гардид ва масъалаҳои марзӣ бо Қирғизистон ҳал шуданд, ки ин дастоварди бузурги дипломатӣ аст.
Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, санаи 16-уми декабр дар бинои Парлумони кишвар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба таври мустақим ироа гардид. Ин Паём дар ҳоле ироа шуд, ки ҷаҳон бо мушкилоти геополитикӣ, рақобати сиёсӣ ва тағйироти иқлимӣ рӯбарӯ аст ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъол дар арсаи байналмилалӣ, ташаббусҳои муҳимро пешниҳод намудааст, аз ҷумла конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера.
Паём ҳамчунин ба дастовардҳои иқтисодӣ ишора кардааст, ки дар даҳ соли охир маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 маротиба афзуда, ҳаҷми миёнаи солонаи рушд 7,6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соҳаи саноат, зикр шуд, ки дар ҳафт соли охир зиёда аз 2600 корхонаи саноатӣ ба кор даромада, 87 ҳазор ҷои корӣ эҷод шудааст ва дар соли 2025 400 корхонаи нав бунёд гардидааст.
Дар Паём ба соҳаи энергетика диққати махсус дода шуд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар даҳ соли охир зиёда аз 60 миллиард сомонӣ ба соҳаи энергетика сармоягузорӣ шуда, иқтидори нав 1017 МВт илова гардидааст. Истеҳсоли барқ 40 фоиз афзуда, ба 24,2 миллиард кВт/соат расидааст. Дастур дода шуд, ки агрегати сеюми НБО-и Роғун то сентябри соли 2027 ба кор дароварда шавад ва 1500 МВт нерӯгоҳҳои офтобӣ дар ду сол бунёд гардад. Ин тадбирҳо барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди соҳаҳои дигар мусоидат мекунанд.
Дар бахши иҷтимоӣ, Паём ҳадафҳои муҳимро муайян кардааст. Аз ҷумла, аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандони маориф (аз ҷумла кӯдакистонҳо) 25 фоиз, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 20 фоиз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ 20 фоиз афзуда мешавад. Ҳадди ақали музди меҳнат ба 1300 сомонӣ баробар мегардад ва нафақаҳо ҳадди аққал 15 фоиз индексатсия мешаванд. Ин чораҳо барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум ва ҳавасмандгардонии кормандон нигаронида шудаанд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баҳри татбиқи амали дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассири хешро гузорем. То дар оянда насли ояндадору ояндасозро тарбия намоем. Дар Паём ба тарбияи ҷавонон ва занон диққати махсус дода шуд, ки онҳо ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа бояд дар соҳаҳои мухталиф фаъол бошанд. Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд донишҳои муосир, аз ҷумла забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои рақамиро омӯзанд.
Дар баробари ин, Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа, волоияти қонун, оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза ба терроризму экстремизм, такмили қонунгузорӣ дар ин самт ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд. Дар Паём зикр шуд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳонӣ, ҳифзи амният, мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир вазифаи асосӣ аст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд шароити беҳтарро барои кормандонашон фароҳам оваранд.
Дар соҳаи фарҳанг ва маориф, Паём ҳадафҳои бузургро муайян кардааст. Дар даҳ соли охир 150 муассисаи фарҳангӣ бунёд ва 350-и дигар навсозӣ шудааст. Дастур дода шуд, ки Театри миллӣ дар Душанбе бунёд шавад ва марказҳои фарҳангии байналмилалӣ таъсис ёбанд. Дар маориф, буҷаи соли 2026 ба 14 миллиард сомонӣ мерасад, ки 25,4 фоиз зиёд аст. Ба системаи 12-солаи таҳсилот омодагӣ дида шавад ва донишҳои STEM такмил ёбанд. Дар тандурустӣ, 1300 муассиса бунёд шуда, буҷа ба 4,3 миллиард сомонӣ расидааст.
Дар бахши сиёсати хориҷӣ, Паём таъкид мекунад, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро идома медиҳад ва робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро таҳким мебахшад. Дастовардҳои дипломатӣ, аз ҷумла ҳалли масъалаҳои марзӣ ва ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба иқлим ва об, ҳамчун намунаҳои муваффақият зикр шудаанд.
Махсусан дар самти роҳу нақлиёт зикр карда шуд, ки соли 2025-ум дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд.
Роҳҳои Обигарм – Нуробод ва Роғун ба дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи Қалъаихумб – Ванҷ, 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зидди тарма ба дарозии 13 километр аз ҷумлаи иншооти зикршуда мебошанд.
Ҳоло бунёди 50 километр роҳи Данғара – Гулистон, 33 километр роҳи Гулистон – Фархор ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.
Соли 2025 сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори неругоҳи барқи обии «Роғун» ба дарозии 920 метр ва 3 пули мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Соли 2026 сохтмону азнавсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.
Роҳҳои Ваҳдат – Обигарм 70 километр, Гулистон – Кӯлоб 33 километр, Хоруғ – Роштқалъа 39 километр, Мурғоб – Кулма 67 километр, Балҷувон – Сари Хосор 55 километр, Хистеварз – Конибодом (Арка) 10 километр, 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи Лаби Ҷар – Сангвор аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Вобаста ба ин, Вазорати нақлиёт вазифадор карда шуд, ки фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати идомаи бунёд ва таҷдиди роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва назорати сифати иҷрои корҳои лоиҳавӣ вусъат бахшад.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати ташкили марказҳои нақлиётиву логистикӣ, азнавсозии парки нақлиёти роҳи оҳан ва инфрасохтори он чораҷӯйӣ намояд.
Ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати азнавсозӣ ва ба шароити муосири хизматрасонӣ мутобиқ гардонидани фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешад.
Дар робита ба ин, қайд гардид, ки тайи се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад.
Дар маҷмуъ ироаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тамоми масъалаҳоро дар бар гирифта, дурнамои рушд ва бозсозиро дар кишвар барои фардо муайян месозад. Ин ҳуҷҷат на танҳо ҷамъбасти дастовардҳо, балки роҳнамои амалӣ барои ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа аст, ки ҳадафҳои мушаххасро барои солҳои 2026-2030 муқаррар мекунад.
Ин Паём илҳомбахш аст ва моро ба корҳои бунёдӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини назорат ва танзими комплекси нақлиётӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифати нақлиётӣ ва мубориза бо мушкилот ҳидоят мекунад.
Қурбонзода Д.Қ. – Сардори
Хадамоти давлатии назорат
ва танзим дар соҳаи нақлиёт
