Санаи 12 декабри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» маҷлис баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини Вазири нақлиёт Саидмуродзода Ш., роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок доштанд.
Зимнан муовини Вазири нақлиёт Саидмуродзода Ш., оид ба марҳалаи нави тараққиёти ҷумҳурӣ, таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ сухан намуда, иброз намуданд, ки масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.
Таъкид гардид, ки рушд ёфтани иқтисодиёти ракамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта баёнгари он аст, ки дар шароити рушди технологияи рақамӣ мо метавонем дар беҳтарсозии соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ аз имкониятҳои он истифода намоем. Хусусан, пайдоиши мафҳумҳои наве чун “Ҳукумати электронӣ” ва “Иқтисодиёти рақамӣ” аз истифода шудани имкониятҳои технологияҳои муосир дар рушди соҳаи мухталиф дарак медиҳад.
Дар ин замина, ба роҳбарият ва кормандони Хадамот ва роҳбарони воҳидҳои сохтории он барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дарсамти кор бо барномаҳои рақамӣ ва истифодаи васеъи онҳо дар раванди фаъолият супоришҳои мушаххас дода шуд.




