Санаи 1 сентябри соли 2025 таҳти раёсати Қурбонзода Далер Қурбон, Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти Хадамот, аз ҷумла:
назорати риояи қонунгузорӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар;
бартараф кардани гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва калонҳаҷм бо бори аз меъёри муқарраршуда зиёд, ҷиҳати пешгирии роҳҳои автомобилгард аз вайроншавии бармаҳал;
ба низом даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти ифлос ва бе пардаи ҳимоявӣ ҳаракаткунанда;
азназаргузаронӣ ва зери назорат қарор додани раванди сохтмон, таъмир ва азнавсозии лоиҳаҳои роҳҳои автомобилгард,;
гузариш ба раванди пурраи рақамикунонии Хадамот дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 декабри соли 2024, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар доираи солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»;
ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ тибқи талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”;
омодагии саривақтӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Вобаста ба ин, ҳангоми баррасӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истинод карда шуд, ки муносибатҳо вобаста ба ҳамлу нақли бор, мусофир ва бағоҷ танзим мешаванд, ки ҳадафҳои ҳифзи роҳҳо аз вайронӣ ва риояи меъёрҳои вазнӣ барои воситаҳои гаронвазнро дар бар мегирад.
Дар ин замина, ба муовинони сардори Хадамот, роҳбарони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои Дастгоҳи марказӣ, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд, то масъалаҳои зикршударо иҷро ва омодагии сазовор ба таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.
Дар анҷоми ҷаласа, вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.










