Фарорасии Иди саиди Қурбонро ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, рӯзгори тинҷу осуда, дастархони пурфайзу бобаракат, хотирҷамъию саодати зиндагӣ ва ба Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо пешрафту ободкориҳо таманно менамоям. Мардуми шарафманди кишварамон, аз ҷумла кормандони комплекси нақлиётӣ дар рӯзи мубораки Иди Қурбон суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла амалҳои хайру саховат ва бахшандагиро боз ҳам вусъат мебахшанд. Боиси таъкид аст, ки Иди Қурбон дар баробари дигар ҷашну маросими таърихӣ, миллӣ ва динии мардуми тамаддунофари мо, маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ шукӯҳи тоза касб намуда, арзишҳои қаблии худро эҳё намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба унсурҳои неки инсондӯстонаи Иди Қурбон, ки давоми асрҳо ҳамчун анъана то замони мо расидааст, барҳақ таъкид намудаанд: «Дар баробари дурӣ ҷустан аз аъмоли носавобу номатлуб ва талқини амалҳои хайру савоб, аз аҳволи наздикон бохабар будан, махсусан, аёдати беморону ниёзмандон, кӯмак ба ятимону маъюбон, ба дидори падару модарон шитофтан, дили инсонеро ба даст овардан, ятимеро навозиш кардан ва ба муҳтоҷе дасти кӯмак дароз кардан аз фазилатҳои неки инсонӣ ва таомули писандидаи мардуми мо дар ин рӯз мебошад».Аз ин лиҳоз, ба ҳамдигар дасти хайру саховат дароз кардан, дастгирии ниёзмандон, ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷон, зиёрати оромгоҳҳо, поси хотири гузаштагон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан чун беҳтарин суннатҳои Иди саиди Қурбон дар мустаҳкам гардидани дӯстӣ, меҳру муҳаббати байни инсонҳо, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон ниҳоят муҳим мебошад. Боварии комил дорам, ки кормадони комплекси нақлиётӣ таҳти сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳлона кору фаъолият намуда, барои бо дастовардҳои шоиста пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош меварзанд.Бо чунин таманниёти нек бори дигар, фарорасии Иди саиди Қурбонро ба кулли мардуми сарбаланди тоҷик сидқан табрик гуфта, сиҳату саломатӣ, сарбаландӣ, ризқу рӯзии фаровон, рӯзгори хурраму осуда ва саодати ҷовидонӣ орзу менамоям. Ид муборак, ҳамкасбон ва ҳамдиёрони азиз!