«Бузургдошти Наврӯз, умуман бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тули садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз – 2025, ки бо фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.03.2025, №41 тасдиқ гардидааст, дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил карда шуд.
Дар ҳамоиши идона роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва идораю муассисаҳои тобеи вазорат ширкат намуданд.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт низ дар чорабинии идона бо намоишгоҳи ҷашнӣ, ки бо дастархони идона иборат аз суннатҳои наврӯзӣ, аз ҷумла суманак, ҳафтсин, ҳафтшин, дигар таомҳои миллӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва ғайра оро дода шуда буд, фаъолона ширкат варзида, дар ташкил намудани беҳтарин гӯша дар озмуни “Гӯшаи беҳтарини наврӯзӣ” сазовори ДИПЛОМ, ВА кормандон дар мусобиқаи варзишии “Гурзбардорӣ” сазовори ҷойи якум ва “Бандкашӣ” сазовори ҷойи намоён гардиданд.
Сипас, барои иштироки фаъолона дар таҷлил намудани “Рӯзи байналмилалии Наврӯз – 2025” аз ҷониби Вазири нақлиёт муҳтарам Азим Иброҳим кормандони Хадамот бо ИФТИХОРНОМА-ҳо қадрдонӣ карда шуданд.


