Ҳангоми гузаронидани корҳои нозиротӣ ва рейдҳо кормандони Раёсати минтақаи Рашт санаи 21.02.2025 ҳолатҳоеро ошкор намуданд, ки воситаҳои нақлиёти боркаш аз карьерҳои коркарди қуму шағал борҳоро аз меъёри муқарраргардида зиёд бор карда ва бе пардаи ҳимоявӣ тавассути роҳҳои автомобилгард интиқол медоданд. Нисбати ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба расмият дароварда шуда бори зиёдати фароварда шуд.



