Санаи 11 феврали соли равон омӯзиши идоравии кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти унвони «Паём – роҳнамои рушди кишвар» баргузор гардид.
Дар омўзиши идоравии мазкур Раҳимзода М. – муовини якуми сардори Хадамот суханронӣ намуданд.
Зимни маъруза қайд гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки ҳамасола дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими таҳлилӣ – сиёсӣ, роҳнамоикунанда ва дурнамои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва кулли мардуми Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҷиҳати тақвияти фаъолият, таъмини пешрафт, рафъи камбудиҳои мавҷуда ва расидан ба ҳадафҳои пешгузошта, шароити зиндагии арзанда ва рушди тамоми соҳаҳои давлатӣ заминаи устувор мегузорад.
Дар маҷмуъ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, дар низоми давлатдорӣ анъанаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва самтнамои ҳаракати устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи рушду амну осоиш мебошад.
Инчунин қайд гардид, ки ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гирифта, аз рӯи салоҳият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян мекунад ва мутобиқи моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баромад менамояд. Бо ҳамин тартиб, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони кишвар пояи қонунӣ ва ҳуқуқӣ дошта, он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва аз салоҳияти конститутсионии Сарвари давлат тибқи қонуни асосии мамлакат сарчашма мегирад.
Ҳар як Паёми солона тибқи вазифа, мақсаду маром ва хусусиятҳои хоси худ марбут ба марҳилаи муайяни инкишофи мамлакат буда, дар он ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххасгардидаи ояндаи наздик, миёнамуҳлат, инчунин имкониятҳои рушди устувору бонизоми давлату ҷомеаи алоҳида, ба таври таҳлилӣ, возеҳу равшан, дар появу заминаҳои асосноки илмӣ тарҳрезӣ карда мешаванд.
Дар паёмҳои ҳамасола ҷамъбасти ин барномаҳо ва натиҷаҳои бадастомада қайд гардида, баҳодиҳии айниву зеҳнии татбиқи нақшаҳои пешин, бо муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушд ифода мегарданд.
Ҳамзамон, кормандони комплекси нақлиётӣ ҷиҳати фаъолияти босифат, самаранок ва мутобиқи талаботи замони муосир фаъолият намудан мувофиқи ҳидоятҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул гардида, бояд бо риояи принсипҳои хизмати давлатӣ аз қабили, поквиҷдониву беғаразӣ, касбияту салоҳиятнокӣ бо иродаи матину мавқеи устувор ва бо садоқат ба Ватану халқи Тоҷикистон дар адои вазифаҳои давлатӣ ва уҳдадориҳои мансабӣ пешоҳанги ҷомеа бошанд.
Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он сайъу талош намоем.




