Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо дарки масъулият ҷиҳати пурра ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард назоратро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дучанд пурзӯр намуда, нисбати шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеие, ки Тартиб ва меъёрҳои муқарраргардидаи қонунгузориро дар ин самт риоя накарданд, бетаъхир чораандешӣ шуданд.
Санҷишҳои навбатии гузаронидашудаи кормандони Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҳисор нишон доданд, ки бархе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш аз меъёри муқарраргардида зиёд бор гирифта, бо ин амали худ ба роҳҳои автомобилгард зарар расониданд. Дар баробари тартиб додани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва фаровардани бори аз меъёр зиёд бо ронандагон дар хусуси риояи талаботи қонунгузорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.





