Санаи 9 январи соли 2025 дар доираи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Солҳои 2025-2030-ро солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид, байни Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, дар шахсияти Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон ва Ҷамъияти саҳоми пўшидаи «Пардохти ҳушманд» дар шахсияти Директори генералӣ Азизхуҷаев Ғуломҷон Марифхужаевич Шартнома оид ба хизматрасонии таъминоти барномавӣ ба имзо расонида шуд.
Боиси қайд аст, иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва ба ин васила роҳандози кардани пардохти хизматрасониҳои муздноки соҳа таввасути ҳамёнҳои мобилӣ ва QR-код, инчунин ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои электронӣ дар нуқтаҳои назоратию вазнченкунӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ мебошад.