Ҳамкасбони азиз ва ҳамдиёрони гиромӣ!
Шумо ва аҳли наздиконатонро бо фарорасии соли нави 2025 самимона шодбош гуфта, некуаҳволӣ, бахту пирузиҳо, зиндагонии босаодат ва толеи баланд орзу мекунам.
Соли 2024 бо ҳама файзу нусрат, барору муваффақиятҳои беназираш ба китоби таърихи Тоҷикистон ворид мегардад. Соле, ки аз тақвими зиндагии мо рафт, соли вусъати созандагию бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои ва густаршии ҳудшиносию худогоҳии миллӣ барои аҳли нақлиётчиён маҳсуб ёфтааст,
Воқеан, соли сипаригашта таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руйдодҳои бузургаш, пеш аз ҳама ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 соли натиҷабахшу хотирмон боқӣ мемонад.
Боварии комил дорам, ки Соли нави мелодии 2025 барои боз ҳам мустаҳкам гардидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдат ва суботи ҷомеа, инчунин ободу зебо гардидани кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муассир мегузорад.
Умедворам, ки мову Шумо дар соли 2025 ҷиҳати иҷрои ҳадафу афзалиятҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва иҷрои вазифаҳои худ талоши аз инҳам бештар менамоем. Бо ҳамин нияту орзуҳои нек, бори дигар фарорасии Соли нави 2025 табрик намуда, бароятон хонаи обод, ризқи фаровон, рӯзгори пурнишот, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ ва ободиву пешрафт орзумандам.
Бо эҳтиром,
Сардори
Хадамоти давлатии назорат
ва танзим дар соҳаи нақлиёт
Қурбонзода Д. Қ.