Роҳбарият ва кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт санаи 28.12.2024 дар толори маҷлисгоҳи Хадамот Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тариқи телевизион тамошо намуданд.
Баробари садо додани суруди миллӣ аҳли толор аз ҷой бархоста, онро бо самимият гӯш карданд.
Паёми Пешвои миллат, ки ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифт, дар дилу зеҳни ҳар як шунаванда таассуроти амиқ гузошт.
Роҳбарият ва кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз Паём рӯҳу равони тоза гирифта, дар партави он баҳри амалӣ намудани нақшаву вазифаҳои дарпешистодаашон барои соли оянда саъю кӯшиш менамоянд.