«Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.»
Эмомалӣ Раҳмон
Таҳти чунин унвон санаи 24-уми декабри соли 2024 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” таҳти раёсати Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон маҷлис баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Розиқзода А. – сарнозир ва Шамсиддинзода Н. – нозирони калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок доштанд.
Ҷаласаро Қурбонзода Д.Қ. ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ дар қатори дигар масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус муқобили коррупсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чорабиниҳои муҳимеро таҳия ва дар амал татбиқ намуданд ва ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст.
Гуфта шуд, ки бо мақсади коҳиш додани хавфҳои коррупсионӣ ва аз байн бурдани омилҳои инсонӣ дар Хадамот фаъолият тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст. Дар низоми хизматрасониҳои нақлиётӣ бошад, пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳамкорӣ бо пардохти ҳушманд (интеллектулӣ) роҳандозӣ гардида истодааст.
Розиқзода А. – сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он ба омилҳо зиёд, аз қабили дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ, фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳуроти номатлуб вобаста аст. Бо ин мақсад дар кишвар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ба тасвиб расидааст.
Таъкид гашт, ки пайдо шудани коррупсия дар дилхоҳ шакл сабаби заиф гаштани пояҳои давлатдорӣ ва низоми зиндагии инсон гардида, муқовимат алайҳи ин зуҳурот на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат дониста мешавад. Дар робита ба ин, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар муқовимат ба коррупсия дастаҷамъона фаъолият намуда, дар пешгирии он ва дар руҳияи зиддикоррупсионӣ тарбияи намудани шаҳрвандон чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.