Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» ва Фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2024, №86 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” фармоиш (№40 аз 6.05.2024) ва нақшаи чорабиниҳои дохилии худро омода намуда, тибқи он раванди омодагии ширкату ҷамъиятҳои нақлиётӣ ва Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба зимистонгузаронӣ зери назорат қарор дода шуданд.
Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои таҳиягардида кормандони Хадамот дар ширкату ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилӣ вобаста ба тайёрии зимистонгузаронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳамзамон аз онҳо талаб карда шуданд, ки утоқҳои корию сехҳои таъмирӣ ва ҳар як воситаи нақлиётро, алалхусус нақлиётҳои тариқи ағбаҳо рафтуо доштаро бо лавозимотҳои зарурӣ ба зимистон пурра омода намоянд. Дастуру супоришҳо дода шуданд, ки бояд коршоямии системаи гармидиҳӣ, боздорӣ ва механизми шишатозакунаки ҳар як воситаи нақлиётро дида баромада, ҳамчунин моеи об ба антифриз ва балонҳои капронӣ ба резинӣ иваз карда шаванд. Дар баробари ин талаб карда шуд, ки ҳар як воситаи нақлиётро бо лавозимотҳои занҷир, симтаноб, бел, такягоҳи зиддилағжиш, лампаи тафсон ва доруқуттӣ таъмин намоянд.
Инчунин дар Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард раванди захиракунии маводҳои зиддилағжиш, сузишворӣ, равғанҳои молиданӣ, либосҳои гарми зимистона ва омодагии техника ва механизмҳои барои зимистонгузаронӣ пешбинишуда мунтазам зери назорат қарор дода шуда, нисбати бартарафсозии камбудию норасоиҳои ошкоргардида Амрнома ва Огоҳиномаҳо дода шуд ва аз натиҷаи иҷрои корҳои баанҷомрасонидашуда санадҳои дахлдор бо замимаи расмҳо тартиб дода шудааст.
Барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, бо мақсади таъмини ҳаракати мунтазам ва бехатари воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, саривақт тоза намудани барфу тармаҳо, тибқи фармоиш кормандони масъули Хадамот дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар қитъаҳои душворгузару хавфноки роҳу ағбаҳои нақлиётгард вобаста карда шуданд, ки дар ҳолати боришот ва яхбандиҳо дар ҷойҳои вобасташуда назорат намуда, ахборотдиҳии саривақтиро ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамот таъмин менамоянд.