аз 05 октябри соли 2023 ш. Душанбе
Раисикунандаи маҷлис: Раҳимзода М.У. – муовини якуми сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт,
Дар маҷлис иштирок намуданд:
Саидмуродзода Ш. — муовиниВазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ашурзода Ф.-муовини сардори Хадамот,
Сардорон (мудирон)-и шуъбаҳо ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳои минтақавӣ ва шуъбаву бахшҳои нозиротии онҳо,
Саидзода С.- директори КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт», муовинонон ва сардорони филиалҳо КВД «МСКХСН».
Гулинаи Ватаншо – рӯзноманигори ҳафтаномаи «Нақлиёт»
Р ӮЗ Н О М А И М А Ҷ Л И С:
- Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳо барои семоҳаи чорум.
- Масъалаҳои дигар.
Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми сардори Хадамот Раҳимзода М. оғоз бахшида, ҳамчунин аз натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Хадамот ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки кормандони Хадамот дар доираи талаботҳои қонунгузории ҷорӣ назорату танзими соҳаро ба роҳ монда, барои амалӣ намудани фаъолиятҳои мушаххаси соҳа 1417-адад иҷозатнома дода, мӯҳлати амали 492 иҷозатнома тамдид карда шудааст. Барои бе иҷозатнома фаъолият намудан, риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома, дағалона вайрон намудани қоидаҳои мусофиркашонию боркашонӣ, риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории роҳҳо ва зарар расонидан ба роҳҳои автомобилгард дар маҷмуъ 47200 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд, ки аз ин шумора 138-адади он ба шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдор таалуқ дорад.
Хадамот дар маҷмуъ аз руи ҳамаи нишондиҳандаҳо дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ 11148110сомонӣ маблағ ворид намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 106132 сомонӣ зиёд буда, 114%-ро ташкил медиҳад. Қайд карда шуд, ки дар ҳамаи самтҳои фаъолият нишондиҳандаҳо дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта барзиёд иҷро гардиданд.
Пас аз анҷоми маърӯзаи ҳисоботӣ муовини вазир натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи Хадамотро дар маҷмуъ баҳогузорӣ намуда, ҳамзамон қайд намуданд, ки гарчанде нишондиҳандаҳо зиёд ва сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардидааст, вале дар баъзе самтҳои фаъолияти Хадамот то ҳанӯз корҳои иҷронашуда боқӣ монданд ва онҳо бояд дар фаъолияти минбаъда ба анҷом расонида шаванд.
Дар рафти баррасии масъалаҳо аз Расулов Ф.-сардори Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе пурсиш карда шуд, ки чаро то ҳол тамбашавӣ дар баъзе ҷойҳои пойтахт аз байн нарафтааст, бенизомӣ дар назди маркази савдои “Садбарг” то инҷониб давом дорад ва таксиҳои ба истилоҳ 7-сомона фаъолияти ғайриқонунии намуда истодаанд. Дар ин самт муовини вазир дастур доданд, ки ҳамаро сафарбар намуда, бо андешидани тадбирҳои иловагӣ танзиму низом дар тамоми ҳудуди шаҳри Душанбе таъмин карда шавад. Ғайр аз ин натиҷаи амалишавии “Низоми пардохти электрониии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе” муҳокима гардида, аз ҷаримабандӣ шудани 4191-нафар мусофирон тибқи талаботи моддаи 2951 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар нуҳ моҳ изҳори нигаронӣ карда шуд. Вобаста ба ин муовини вазир супориш доданд, ки ҷиҳати пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мондани пардохти роҳкиро аз ҷониби мусофирон тадбирҳои иловагӣ андешида, қидавайронкуниҳо дар ин самт саривақт пешгирӣ карда шаванд. Расулов Ф. ва мудири бахши ҳуқуқ Сангинов Д. вазифадор гардиданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат Низомномаи “шуъбаи назорат ва танзими пардохтҳои кортӣ”-ро таҳия намуда барои тасдиқ ба Сардори Хадамот пешниҳод намоянд.
Муовини вазир садамаи нақлиётии дар шаҳри Кӯлоб рухдодаро бори дигар ёдовар шуда, иброз доштанд, ки фаъолияти ширкату ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилӣ аз мадди назорати кормандони Хадамот дур монданд ва камбудихои зиёде дар фаъолияти онҳо ҷой доранд. Талаб карда шуд, ки кормандони постгоҳҳои дар ҳамон рузи садама рухдода фаъолиятдошта муҷозот карда шаванд. Дар ин замина ба Бобоев З.-сардори шуъбаи назорат ва танзими нақлиёти автомобилӣ супориш дода шуд, ки дар муддати як моҳ тамоми ҳуҷҷатгузориро дар ҳар як папкаи ширкату ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилӣ ҷамъ 227 адад корхона (варақаи назоратӣ, руйхати воситаҳои нақлиёт, сурати роҳбари корхона ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ) ҷобаҷо намуда, ба муовини вазир маълумот пешниҳод намояд.
Масъалаи назорат ва танзими фаъолияти соҳаи нақлиёт дар вилояти Суғд мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта, аз Партобов М.-муовини сардори Раёсат пурсида шуд, ки чаро онҳо дар тендери тақсимоти хатсайрҳо иштирок ва масъалагузорӣ намекунанд. Оиди ба барномаи электронӣ воридкунии маълумотҳои иҷозатномадиҳӣ ва протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва инчунин пешгирии аз конҳои коркарди ангишт бе пардаи ҳимоявӣ кашонидани ангишт тавассути нақби “Истиқлол” супоришҳо дода шуданд.
Вазъи хизматрасониҳои нақлиётӣ дар минтақаи Бохтар баррасӣ шуда, ҷиҳати ташкил намудани оғози фаъолияти автобусҳои калонҳаҷм дар хатсайрҳои дохилишаҳрии Бохтар, назорати гузариши воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути пули гузаргоҳи сарҳадии Панҷи поён, пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва дигар қоидавайронкуниҳо супоришҳо дода шуданд.
Ҳамзамон вобаста ба масълаҳои тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ, баровардани воситаҳои нақлиёти боркаши байналмилалӣ аз терминали мусофирбарии шаҳри Турсунзода, тақсимоти рухсатномаҳо ва назорати дурусти истифодабарии онҳо, омода намудани дархости рухсатномаҳо барои соли 2024, одоби муоширати дуруст бо ронандагон, алалхусус ронандагони байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушахасс дода шуданд.
Дар ҷараёни маҷлис оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва дар амал дуруст ва бехато татбиқ намудани он баҳсҳо ба миён омада, дар ин замина мудири бахши ҳуқуқ вазифадор гардид, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ дар кутоҳтарин муҳлат Тартиби иҷрои қонуни мазкурро омода ва барои корбарӣ пешниҳод намояд.
Раҳимзода М. -муовини якуми сардори Хадамот ҷараёни амалишавии барномаҳои рақамикунониро дар Хадамот ва КВД “МСКХСН” мувофиқи мақсад нашуморида, иброз доштанд, ки бо чунин тарзи корбарӣ ва муносибат ноил шудан ба дастовардҳо дар ин самт ғайриимкон аст. Бинобар ин талаб намуданд, ки бахши барномаҳои рақамӣ ва таъминоти техникӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ бо масъулияти дучанд корро ба роҳ монанд, зеро масъалаи рақамикунонӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбари давлат қарор дорад ва ҳатман пурсиш карда мешавад.
Дар ҷараёни маҷлис вобаста ба дигар самтҳои фаъолият, аз ҷумла фаъолияти нуқтаҳои баркашӣ, пешгирии гузариши воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн, ситонидани маблағи ҷаримаҳои басташуда, ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мондани пардохти хизматрасониҳо, санҷиши нақшавии субъектҳои хоҷагидор ва тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ муҳокимаронӣ ва масъалагузорӣ карда шуданд.
Муовини вазир оиди додани иҷозатнома ба корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ зикр намуданд, ки ҳангоми додани иҷозатнома пурра мутобиқат намудани базаи моддӣ-техникӣ ва дараҷаи тахассусии кормандони корхона ба инобат гирифта шавад. Бо дарназардошти бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва таъмин намудани беҳдошти нишондиҳандаҳои фаъолияти соҳа, инчунин таклифу пешниҳодҳои иштирокчиён маҷлис қарор қабул кард.