Таърихи таъсисёбии
Хадамоти давлатии назорат
ва танзим дар соҳаи нақлиёт
Соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва хоҷагии роҳҳо иборат буда, дар пешрафти иқтисодиёти кишвар нақши ҳалкунанда мебозад. Танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт, назорат аз болои фаъолияти онҳо, инчунин сохтмон ва нигоҳдории ҳолати роҳҳо вазифаи асосии соҳаи нақлиёт ба ҳисоб меравад.
Пас аз барҳам хурдани Иттиҳодияи Шўравӣ, гузаштан ба сохти иқтисоди бозоргонӣ ва пайдо шудани шаклҳои гуногуни моликият дар соҳаи нақлиёт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани назорат ва танзими давлатии соҳаи нақлиёт бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №245 аз 27 июли соли 1998 мақомоти «Инспексияи нақлиётӣ»-ро дар назди собиқ Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дод.
Барои боз ҳам мукамал сохтани системаи назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар заминаи «Инспексияи нақлиётӣ» мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №602 аз 28.12.2006 сохтори нав – Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар нақшаи идоракунии собиқ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва Низомнома, сохтор ва нақшаи идоракунии он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №107 аз 03.03.2007 тасдиқ карда шудааст. Вазифаи Хадамот ин назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёт, танзими давлатии фаъолияти соҳаи нақлиёт ва ҳоҷагии роҳҳо, додани иҷозатнома, додани иҷозати махсус барои интиқоли борҳои вазнин ва калонҳаҷми тақсимнашаванда, додани сертификати баркашӣ ва таъмин намудани шароит барои фаъолияти муътадили бозори хизматрасониҳо вобаста ба раванди нақлиётӣ мебошад. Хадамот ҳуқуқ дорад дар доираи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми риоя нагардидани қонунвайронкуниҳо ва қоидавайронкуниҳо соҳаи нақлиёт нисбати шахсони воқеи, мансабдор ва ҳуқуқӣ ҷораҷуӣ намояд.
Бо мақсади боз ҳам пурра муайянсозии мутобиқати кору хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт ба меъёрҳои муқарраргардида дар сохтори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №399 аз 2 августи соли 2010 корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунони кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» таъсис дода шуд.