НАҚШАИ КОРИИ
ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ НАЗОРАТ ВА ТАНЗИМ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ БАРОИ СОЛИ 2024
№ | Номгӯи чорабиниҳо | Иҷрокунандагон | Мӯҳлати иҷро |
1 | Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ва андешидани тадбирҳои зарурӣ бобати татбиқи вазифаҳои марбут ба назорат ва танзими соҳаи нақлиёт | Роҳбарияти Хадамот, Шуъбаҳои иқтисод ва иттилоот, кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | моҳҳои январ – март |
2 | Татбиқи бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар зикр гардидаанд | Роҳбарияти Хадамот, Шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | давоми сол |
3 | Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод намудани сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохторӣ ва басти вазифаҳои Хадамот барои соли 2024 | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои баҳисобгирию муҳосибавӣ ва иқтисод ва иттилооти Дастгоҳи марказии Хадамот | моҳи январ |
4 | Иштирок ва мусоидат намудан дар раванди таҳияи лоиҳаи буҷети соҳаи нақлиёт барои соли 2025 ва нишондиҳандаҳо барои солҳои 2026 – 2027 | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои баҳисобгирию муҳосибавӣ ва иқтисод ва иттилоот ва Бахши хоҷагидории Дастгоҳи марказии Хадамот | давоми сол |
5 | Назорати риоя ва иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи нақлиёт ва созишномаҳои байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | мунтазам |
6 | Назорат оид ба тибқи нақша гузаронидани санҷишҳо дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» | Сардори Хадамот, Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус ва Бахши ҳуқуқ, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | тибқи нақша |
7 | Санҷиши фаъолияти корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ, терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ, МДНРА ва ИХРА-ҳо вобаста ба иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи нақлиёт, роҳдорӣ ва риояи шарту талаботҳои иҷозатнома тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | Тибқи фармоиш ва нақша |
8 | Таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои вогузоршуда | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | мунтазам |
9 | Андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини муқаррароти қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | моҳҳои апрел–октябр |
10 | Таъсиси гуруҳи корӣ оид ба муайян намудани бақияи маводи зидди лағжиш, сузишвории дизелӣ, ангишт, ҳезум ва ҳолати омодагии техникаву механизмҳо ба давраи мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023 – 2024 | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | мунтазам |
11 | Гузаронидани корҳои нозиротӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти соҳа, иштирок дар кори комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ вобаста ба вазифаҳои вогузоршуда | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | тибқи тартиб |
13 | Дар асоси муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ андешидани чораҳои дахлдори маъмурию интизомӣ нисбат ба қоидавайронкунандагон | Роҳбарияти Хадамот, Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | тибқи тартиб |
14 | Таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2020 №706 “Дар бораи Барномаи ҷори намудани Низоми идоракунии дороиҳои роҳ барои солҳои 2021-2024” | Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо ва воҳидҳои сохторӣ | тибқи муҳлатҳои муқарраргардида |
15 | Ташкил ва гузаронидани корҳои нозиротӣ дар корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ, терминалҳои мусофиркашонӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар самтҳои: – ташкили ҳамлу нақли мусофиркашонӣ тибқи талаботи Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бори дастиву бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; – риояи шарту талаботҳои иҷозатдиҳӣ, беҳтар намудани шароитҳои корӣ, мутобиқати базаи моддӣ – техникӣ, азнавсозии парки автомобилӣ ва мавҷудияти экипировкаи мувофиқаткунанда; – баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, муносибат ва муоширати дуруст бо мусофирон, шаҳрвандони хориҷӣ ва сайёҳон | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | мунтазам |
16 | Ташкил ва баргузор намудани машғулиятҳои маърифатию ҳуқуқӣ дар доираи соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии кормандон | Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | мунтазам |
17 | Ташкил ва гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ ва аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ | Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус | тибқи нақша |
18 | Таъмини назорати рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаҳои амалишудаистодаи соҳаи роҳдорӣ, таъмири ҷории роҳҳои автомобилгард ва нигоҳдории онҳо аз ҷониби МДНРА | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо ва воҳидҳои сохтории Хадамот | давоми сол |
19 | Бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ ва забондонии кормандон, даъват намудани мутахассисони соҳавӣ ва ташкил намудани курсҳои бозомӯзӣ | Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус ва воҳидҳои сохтории Хадамот | то нимсолаи аввал |
20 | Назорати раванди татбиқи саривақтии Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, №165) | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | мунтазам |
21 | Таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | мунтазам |
22 | Таъмини иҷрои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ шудааст | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои баҳисобгирию муҳосибавӣ ва иқтисод ва иттилоот ва Бахши хоҷагидории Дастгоҳи марказии Хадамот ва воҳидҳои сохтории он | дар муҳлатҳои муқарраршуда |
23 | Назорат, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок дар нуқтаҳои вазнченкунӣ, корхонаҳои коркарди қуму шағал, корхонаҳои истеҳсоли семент ва конҳои ангишт оид ба пешгирӣ намудани фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №779 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» ва инчунин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.08.2014 №535 ва аз 08.11.2011 №569 ва Кодекси нақлиёти автомобилӣ | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | тибқи ҷадвал |
24 | Ба роҳ мондани корҳои нозиротии такрорӣ дар корхонаву муассисаҳои нақлиётӣ вобаста ба муайянсозии бартараф шудани камбудиву норасоиҳои қаблан ошкоргардида ва дар ҳолати бартараф нашудани камбудиҳо андешидани чораҳои зарурӣ | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | тибқи ҷадвал |
25 | Назорат намудани истифодаи дуруст ва самараноки тарозуҳои баркашии мавҷуда ва пайваст намудани онҳо ба маҳзани ягонаи электронии назоратӣ, дар нуқтаҳои вазнченкунӣ марҳила ба марҳила насб намудани тарозуҳои статсионарии рақамӣ | Муовинони сардори Хадамот, КВД “МСКХСН” ва дигар воҳидҳои сохтории Хадамот | давра ба давра |
26 | Таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои баҳисобгирию муҳосибавӣ ва иқтисод ва иттилоот ва Бахши хоҷагидории Дастгоҳи марказии Хадамот ва воҳидҳои сохтории он | мунтазам |
27 | Назорат оид ба пурра ворид намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ, иҷозатдиҳӣ, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, сертификат ва рухсатномаҳо ба барномаҳои рақамӣ | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | мунтазам |
28 | Гузаронидани корҳои нозиротӣ дар корхонаву ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилӣ, хизматрасонии техникӣ, хоҷагии роҳҳо ва роҳи оҳан вобаста ба фарогирии фаъолияти онҳо бо иҷозатнома ва сертификати мутобиқати кору хизматрасонӣ, инчунин риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | тибқи нақша |
29 | Гузаронидани ҷаласаҳои назоратии сардори Хадамот бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот оид ба масъалаҳои корӣ (инчунин тариқи маҷозӣ) | Сардори Хадамот, Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | ҳар ҳафта рўзи душанбе соати 1000 |
31 | Назорат ва таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” оид ба ҷараёни иҷозатномадиҳӣ ва варақаҳои назоратӣ | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | доимӣ |
32 | Гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва машғулиятҳои амалӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дурусти вазифаҳо тибқи дастурамалҳои мансабии кормандон | Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | доимӣ |
33 | Гузаронидани корҳои нозиротӣ ҷиҳати риояи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ намудани тартиби истифодаи киштиҳои хурдандоза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 05.11.2002, №438 “Оиди ба танзим даровардани фаъолияти нақлиёти обӣ” | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаи назорат ва танзими нақлиёти автомобилӣ ва обии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот якҷо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда | давоми сол |
34 | Ташкил намудани рейдҳо ва гузаронидани Амалиёти “Роҳхату борхат” бобати фарогирии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо роҳхату борхат ва ба ин васила баланд бардоштани нишондиҳандаҳои оморӣ, назорат додани CMR, инчунин тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо МД “НАХЛ” | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | тибқи нақша |
35 | Назорати аз ҷониби воҳидҳои сохтории Хадамот гузаронидани корҳои нозиротӣ дар нуқтаҳои муоинаи тиббӣ ва техникии корхонаю ҷамъиятҳои нақлиётӣ | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | тибқи нақша |
36 | Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон гузаронидани дарсҳои маърифатӣ оид ба шинос намудани онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи нақлиёт | Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | мунтазам |
37 | Назорати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.05.2006, №214 “Дар бораи Қоидаҳои истифодабарии ҳамшафати роҳҳои автомобилгард” | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | доимо |
38 | Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маҷлисҳо дар байни кормандон вобаста ба иҷрои саривақтии супоришҳои Протоколии Сардори Хадамот | Шуъбаҳои кадрҳо ва корҳои махсус, иқтисод ва иттилоот, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | ҳар ҳафта |
39 | Ҳамкорӣ намудан бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, мақомотҳои Прократура, Гумрук, Хадамоти иҷро ва РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳан, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | мунтазам |
40 | Назорат ва санҷиши фаъолияти кормандони шуъбаю бахшҳои воҳидҳои сохтории Хадамот вобаста ба коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, тартиб додани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва риояи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, тартиби пўшидани либоси хизматӣ ва интизоми меҳнат | Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | мунтазам |
41 | Гузаронидани корҳои нозиротӣ дар хатсайрҳои корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ, ҷиҳати таъмин намудани ҳаракти муътадил ва бонизоми нақлиёти мусофиркаш ва боркаш, ҳангоми ҳамлу нақли мусофирон ва боркашонӣ дар роҳҳои автомобилгард | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳан, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | доимӣ |
42 | Риоя ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.11.2011, №569 “Дар бораи ҷори намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум” | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказии Хадамот | тибқи муҳлат |
43 | Таҳлил ва баррасии маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳан, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказии Хадамот | доимӣ |
44 | Ташкил ва гузаронидани рейдҳои мақсаднок бо мақомоти назоратӣ (БДА, Прократура, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ) ҷиҳати пешгирии қоидавайронкуниҳо ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | давоми сол |
45 | Гузаронидани машғулиятҳои амалӣ вобаста ба ворид намудани протоколҳо ба барномаи рақамӣ ва баланд бардоштани савияи дониши кормандон | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои кадрҳо ва корҳои махсус, назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, Бахшҳои ҳуқуқ ва рақамикунонӣ ва таъминоти техникии Дастгоҳи марказии Хадамот | тибқи нақша |
46 | Пурзўр намудани фаъолияти гурўҳҳои сайёр дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ ва назди корхонаҳои истеҳсолӣ, истиғроҷ, коркарди қуму шағал ва интиқолӣ бо мақсади пурра бартараф намудани гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазну калонҳаҷм, ки бар хилофи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои кадрҳо ва корҳои махсус, назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | тибқи ҷадвал |
47 | Таҳия ва тасдиқ намудани нақшаҳои кории гуруҳҳои сайёр ва вобастакунии кормандон ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок дар дидбонгоҳҳо, дидбонгоҳҳои РБДА ВКД ҶТ, нуқтаҳои вазнченкунӣ, корхонаҳои коркарди қуму шағал, корхонаҳои истеҳсол ва интиқоли семент ва ангишт ҷиҳати бартараф намудани фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн ва ҳимоя аз вайроншавии бармаҳали роҳҳо | Сардор, Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | вобаста ба зарурият |
48 | Назорати риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” аз 22.06.2023, №1968 ва тибқи муқаррароти он додани иҷозатнома ба субъектони фаъолияти хоҷагидорӣ | Роҳбарияти Хадамот, шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | мунтазам |
49 | Ба роҳ мондани фаъолияти нозиротии кормандони Дастгоҳи марказии Хадамот дар нуқтаҳои назоратӣ тибқи ҷадвали ҷойгиркунонӣ (дислокатсия) | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои кадрҳо ва корҳои махсус, назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | вобаста ба зарурият |
50 | Пешниҳод намудани кормандони пешқадам барои ҳавасмандгардонӣ, додани рутбаҳои тахассусии навбатии хизматчии давлатӣ, ичунин татбиқи чораҳои интизомӣ нисбати қоидавайронкунандагон | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои кадрҳо ва корҳои махсус, назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | мунтазам |
51 | Дар рафти санҷишҳои фаъолияти субъектони хоҷагидорӣ гузаронидани чорабиниҳо оид ба фаъолияти машваратдиҳӣ ва тавсиядиҳӣ, инчунин, пешгирӣ, ошкор ва бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат менамоянд | Сардор, Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обӣ, нақлиёти роҳи оҳани Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | тибқи нақша |
52 | Ҳамкорӣ намудан ба воситаи ахбори омма, гузаронидани корҳои таблиғотӣ ҷихати бартараф намудани камбудию норасогиҳо дар фаъолияти соҳаи нақлиёт ва баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ, омода намудани барномаҳои телевизионӣ оиди корҳои безараргардонӣ дар соҳаи нақлиёт вобаста ба пешгирии ҳама гуна омилҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаҳои кадрҳо ва корҳои махсус, назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | мунтазам |
53 | Иштироки фаъолонаи кормандони Хадамот дар корҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсии банақшагирифташуда | Шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказии Хадамот | тибқи нақша |
54 | Расонидани кўмаки хайриявӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, хона-интернатҳо, маъюбон, ятимон ва бепарасторон | Ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба | мунтазам |
55 | Омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани рўзҳои ид: – Соли нави мелодӣ-1 январ; – Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон- 23 феврал; – Рўзи Модар-8 март; – Иди Сада – якшанбеи дуюми моҳи март; – Иди байналмилалии Наврўз- 21-24 март; – Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон – 1 май; – Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ– 9 май; – Рўзи байналмилалии оила – 15 май; – Рўзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 май; – Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон – 1 июн; – Рўзи Ваҳдати миллӣ – 27 июн; – Рўзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ – 25 июл; – Рўзи кормандони роҳи оҳан – 17 август; – Рўзи дониш – 1 сентябр; – Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 сентябр; – Рўзи роҳсозон – якшанбеи дуюми моҳи сентябр; – Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5 октябр; – Иди Меҳргон – якшанбеи сеюми моҳи октябр; – Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6 ноябр; – Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр; – Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр; – Рўзи ҳуқуқи инсон – 10 декабр; – Иди Рамазон – ҳар сол дар рўзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муққаррар карда мешавад; – Иди Қурбон – ҳар сол дар рўзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар карда мешавад | Роҳбарият ва шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказии Хадамот | давоми сол |
56 | Таъмини иҷрои амру фармоишҳо, мактуб ва дархостҳои воридшуда | Роҳбарият ва шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказии Хадамот | тибқи тартиби муқарраргардида |
57 | Андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” | Муовинони сардор ва шуъбаю бахшҳои ҳои кадрҳо ва корҳои махсус, назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | мунтазам |
58 | Риоя ва таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” | Муовинони сардор ва шуъбаю бахшҳои ҳои кадрҳо ва корҳои махсус, назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо, нақлиёти автомобилӣ ва обии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | мунтазам |
59 | Андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ҳаллу фасл намудани масъалаҳои техникӣ ва ташкилӣ барои пайваст шудан ба низоми “Равзанаи ягонаи ба расмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” | Роҳбарият, шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | давоми сол |
60 | Таҳия ва тасдиқ намудани ҷадвали маҷлисҳои ҷамъбастии воҳидҳои сохтории Хадамот оид ба фаъолият ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда | Муовинони сардори Хадамот, Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Бахши ҳуқуқи Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот | Семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа, солона |
61 | Пешниҳоди ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолият дар давраи ҳисоботӣ | Шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказии Хадамот | охири моҳ ва ҳар се моҳ |
Сардори Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус: Мудинзода С.М.
Сардори Шуъбаи баҳисобгирию муҳосибавӣ: Исматов Н.И.
Сардори Шуъбаи иқтисод ва иттилоот: Давлатзода З.Ҳ.
Мудири Бахши ҳуқуқ: Сангинов Д.Ш.
Мудири Бахши барномаҳои рақамӣ ва таъминоти техникӣ: Мирзоев А.