Маҷлиси ҷамбастии натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли ҷорӣ.

Раискунандаи маҷлис: Ганҷалзода Ш.Р – сардори Хадамоти давлатии газорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт,

Дар маҷлис иштирок намуданд : Худоёрзода Х.З – Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хизиров Қ. – директори МД “ Нақлиёти автомобили ва хизматрасонии логистикӣ”, Қодиров С. – муовини сардори раёсати нақлиёти руйзаминии Вазорати нақлиёт, Халифаев А. К. – муовини якум ва Одинаева З. – муовини сардори Хадамот, сардорони (мудирон) шуъбаҳо ва бахшҳот Дастгоҳи марказӣ, сардорону муовинони раёсатҳои минтақавӣ, инчунин сардорони (мудирон) шуъбаю бахшҳои иҷозатномадиҳӣ, муҳосибавӣ ва нозиротӣ, Муминов Л. – директори КВД “ Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”, муовинони директор, сардорони филиалҳо ва шахсони масъули истгоҳҳои баркашӣ.

                                                                    РӮЗНОМАИ МАҶЛИС:

  1. Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюм.\
  2. Масъалаҳои дигар.

Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ сардори Хадамот Ганҷалзода Ш.Р. ҳусни оғоз бахшида, аз руи масъалаи якум оид ба натиҷаҳои ҷамбасти фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2019 сухан ба Одинаева З. Ҳ . дода шуд. Номбурда ҳисоботи муфассал дода, аз ҷумла қайд намуд, ки кормандони Хадамот дар доираи талаботҳои қонунгузории ҷорӣ назорату танзими соҳаро ба роҳ монда, барои амалӣ намудани фаъолиятҳои мушаххси соҳа дар нимсолаи дувум иҷозатнома дода, мӯҳлати амали  иҷозатнома тамдид карда шудааст. Барои бе иҷозатнома фаъолият намудан, риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома, дағалона вайрон намудани қоидаҳои мусофиркашонию боркашонӣ, риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории роҳҳо ва зарар расонидан ба роҳҳои автомобилгард дар маҷмӯъ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд,  Аз ҳисоби додани иҷозатномаҳо, ҷаримабандии карда, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, додани иҷозати махсус ва дигар намуди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус ба буҷаи давлат маблағ ворид намудааст. Қайд карда шуд, ки дар ҳамаи самтҳои фаъолият нишондодҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта барзиёд иҷро шуданд, ки маҷмуъ 111%-ро ташкил медиҳад.

 

Аз 13 июни соли 2019                                                                                                                                            ш.Душанбе