Табрикоти Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба муносибати Рӯзи ҷавонон
May 22, 2023
Хурсандибахш аст, ки барои ҷавонони саодатманди тоҷик санаи 23 май ҳамчун Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.Бо истифода аз фурсати муносиб, ин санаи муборакро ба кулли ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, ба Шумо ҷавонони бо нангу ор, далеру шўҷоъ, ҳимматбаланд ва созандаву бунёдкор руҳи матин, нерўи бузургу қавӣ, саломативу сарбаландӣ, иқболи нек, хонаи обод, саодати рўзгор ва комёбиҳои беназир таманно менамоям.
Зикр намудан ба маврид аст, ки ҳамасола таҷлил намудани Рўзи ҷавонон ва таваҷҷуҳи махсус доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони ин қишри ҷомеа ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо мебошад, ки ҳанўз дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар гуфта буданд: – “Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи неку дурахшони миллату давлат ба ҳисоб мераванд”
Бори дигар тамоми ҷавонони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустӣ ва дар кору фаъолияти созандаашон иродаи қавӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҷашн муборак, ҷавонони ояндасози Тоҷикистон!