Санаи 12 ноябри соли 2026 ҷаласаи корӣ зери роҳбарии Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Д.Қ. бо иштироки муовинон, сардорони шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти сохторҳо таҳлил ва вазифаҳои муҳим барои оянда ба миён гузошта шуданд.
Самтҳои асосии баррасишуда ва дастурҳои роҳбарият:
Иҷрои нақшаи ҷаримаҳо:Таъкид гардид, ки ситонидани маблағи ҷаримаҳои протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар аксари воҳидҳои сохторӣ (ба истиснои Раёсати вилояти Суғд) нокифоя буда, суръатбахшӣ ба ин кор ва иҷрои пурраи нақша ҳатмист.
Пурзӯр кардани назорати роҳҳо ва нуқтаҳои баркашӣ: Барои пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва калонҳаҷм, назорат дар нуқтаҳои баркашӣ ҷиддӣ гардида, нисбати ронандагон ва борфиристонандагони қоидавайронкунанда чораҳои қатъӣ андешида мешаванд. Ҳамчунин, фаъолияти ғайриқонунии шахсони алоҳида бе тарозу ва дислокатсия қатъ карда мешавад.
Гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ: Дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 (№586), хизматрасониҳои нақлиётӣ бояд пурра ба шакли ғайринақдӣ гузаронида шаванд.
Рақамикунонӣ ва интизоми меҳнатӣ: Таъкид шуд, ки ҳамаи протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд тавассути планшетҳо ва барномаҳои рақамӣ саривақт ворид карда шаванд. Ҳамзамон, масъалаҳои риояи либоси расмӣ, назорати шабонарӯзии фаъолияти кормандон тавассути камераҳои назоратӣ ва истифодаи фаъоли ратсияҳо таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Омодагӣ ба фасли зимистонгузаронӣ: Барои бо барқи доимӣ таъмин намудани нуқтаҳои баркашӣ дар рӯзҳои сардӣ, генераторҳои барқӣ бояд доимо дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта шаванд.
Сардори Хадамот ба масъулон супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки иҷрои саривақтии бандҳои протокол ва ҳисоботдиҳии ҳафтаина таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, нисбати шахсони масъул ва роҳбарони бепарво чораҳои интизомӣ андешида хоҳад шуд.










