Аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои тезҳангом ва супоришҳои мушаххас қабул карда шуда, иҷрои онҳо зери назорати қатъӣ қарор дода шуд. Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти раёсати Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис муовинон, сардорони шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа Сардори Хадамот фаъолияти воҳидҳои сохториро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ҷиҳати сари вақт ва пурра иҷро гардидани дастуру супоришҳо, беҳтар намудани интизоми меҳнат ва одоби муоширати кормандон супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки фаъолияти кормандон дар роҳҳо ва нуқтаҳои назоратӣ танҳо дар асоси ҷадвалҳои расмии тасдиқшуда ба роҳ монда шавад.
Дар робита ба ин дар самтҳои асoсӣ зерин вазифагузорӣ карда шуд:
1. Пешгирии ҳаракати нақлиёти гаронвазн ва назорати тарозуҳо:
– пурзӯр намудани назорат дар нуқтаҳои назоратию баркашӣ ва пешгирии пурраи ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаши аз меъёр зиёд;
– таъмини коршоямии тарозуҳо ва насби таҷҳизоти нави баркашии динамикӣ;
– андешидани чораҳои қатъӣ нисбати борфиристонандагон ва интиқолдиҳандагони ҳуқуқвайронкунанда.
2. Рақамикунонӣ ва гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ:
– вусъат додани корҳо дар самти гузариши пурраи хизматрасониҳои нақлиётӣ ва пардохти ҳаққи роҳкиро ба шакли ғайринақдӣ (дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023, №586);
– фаъолгардонии корбарӣ бо барномаи «ЭДО», ворид намудани протоколҳо ва қарорҳои он ба системаи электронӣ ва гузаронидани омӯзишҳо барои кормандон;
– омодагии пурра ба тартиб додани протоколҳои электронӣ тавассути планшетҳо.
3. Танзими нақлиёти мусофирбар ва ширкатҳои таксӣ:
– назорати фаъолияти ширкатҳои таксӣ ва мутобиқати онҳо ба талаботи иҷозатномадиҳӣ (лисензия);
– назорати риояи ҷадвали ҳаракат ва тозагии салони нақлиёти мусофирбар.
4. Сохтмони роҳҳо ва назорати соҳавӣ:
– зери назорати ҷиддӣ қарор додани сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард;
– назорати истифодабарии заминҳои ҳамшафати роҳҳо ва фаъолияти нуқтаҳои шустушӯи воситаҳои нақлиёт.
5. Омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон:
– ҷамъбасти рафти омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар корхонаву ширкатҳои нақлиётӣ ва вобаста намудани кормандон ба ағбаҳову роҳҳои душворгузар.











