Баланд бардоштани сатҳи забондонии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати кишвар арзёбӣ мегардад. Ин раванд на танҳо барои беҳтар намудани муоширати байни кормандони мақомоти давлатӣ ва таъмини самаранокии идоракунӣ зарур аст, балки барои тақвияти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ аҳамияти махсус дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши равобити иқтисодию фарҳангӣ бо мамлакатҳои дуру наздик, донистани забонҳои хориҷӣ барои хизматчиёни давлатӣ ҳамчун омили муҳими рақобатпазирӣ ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Раванди ташкил ва гузаронидани дарсҳои забономӯзӣ барои кормандон, махсусан дар муҳити корӣ, аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ин раванд метавонад дар шаклҳои гуногун амалӣ гардад, ки ба он омӯзиши забонҳои хориҷӣ (аз ҷумла русӣ ва англисӣ), такмили дониши забонҳои мавҷуда ва рушди малакаҳои коммуникативӣ дохил мешаванд. Барномаҳои омӯзишӣ бояд бо талаботҳои замони муосир, стандартҳои давлатии таҳсилот ва ниёзҳои воқеии хизматчиёни давлатӣ мутобиқ гардонида шаванд, то ки имкони истифодаи амалии донишҳои бадастомада дар фаъолияти ҳаррӯзаи касбӣ фароҳам ояд.
Омӯзиши забонҳо барои кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт имконият медиҳад, ки малакаҳои касбии худро такмил диҳанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ саҳмгузор бошанд ва дар пешрафти касбӣ (аз ҷумла тариқи аттестатсия ва сайёқӣ) бартарӣ пайдо кунанд. Ин тадбирҳо дар маҷмӯъ метавонанд боиси баланд бардоштани сатҳи забондонии хизматчиёни давлатӣ гарданд, ки дар натиҷа ба беҳтар шудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва рушди устувори кишвар мусоидат менамоянд. Чунин иқдомот дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (СМР-2030), Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 амалӣ гардида, ба ташаккули сармояи инсонӣ ва тақвияти идоракунии самараноки давлатӣ равона шудаанд.






