Ҳафтаи равон аз ҷониби кормандону нозирони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе корҳои нозиротӣ анҷом дода шуд. Кормандону нозиронӣ Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе редҳои муштараки воситаҳои нақлиёти мусофирбарро хусусан дар ҷойҳои шиддатнокии баланди воситаҳои нақлиёт, истгоҳҳо, таваққуфгоҳҳо гузарониданд. Дар рафти фаъолият муъайян гардид, ки аксари ронандагон ғайриқонуни ба кашонидани мусофирон машғуланд. Як қисми ронандагон тамоман иҷозат барои мусофиркашони надоранд ва бо (трафарет) лавҳаҷаҳои худсохт ғайриқонуни ба кашонидани мусофирон машғуланд. Аз рафти реди муштарак муайян гардид, ки қисми дигари ронандагон ки дар баланси дигар хатсайр қарор доранд аммо бо хати сайри дигар ҳаракат намуда (трафарет ) истифода бурда ивази хати сайр мекунад, ки ин боиси нороҳатии мусофирон буда ғайри шарту талаботи иҷозатномаи мусофиркашони мебошад. Дар қисми дигари фаъолияти кормандону нозирони Райёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбарро хусусан ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари такси, ки бе либоси кории ронандаги ки дар шарту талаботи иҷозатнома омадааст ва бо риши давида ошкор карда огоҳ ва нисбаташон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмури бо моддаҳои 323, 290/2, 510 тартиб дода шуда барои ислоҳ шудан корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуд. Кормандону нозирони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе ин иқдомро ҳамарӯза дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба роҳ монда баҳри танзим намудани воситаҳои нақлиёти мусофирбар кушиши зиёд ба харҷ дода истодаанд.








