Ҳамватанони азиз, ҳамкорон ва мутахассисони соҳаи нақлиёт!
Аз номи раҳбарият ва коллективи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳамаи шуморо ба муносибати фархундатарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб муборакбод мегӯям.
Барои миллати тоҷик, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ва фарҳанги ғанӣ мебошад, ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи навини кишвар ба ҳисоб меравад. Истиқлол ба мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки сарнавишти сиёсӣ ва роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии худро мустақилона интихоб намоянд.
“Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.” Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз, дар остонаи таҷлили ин санаи тақдирсоз, андеша кардан дар бораи роҳи тайкарда ва дастовардҳои бадастомада аҳаммияти хосса дорад. Маҳз иродаи сиёсӣ ва далолату ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки кишвар аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, ба шаҳроҳи созандагиву бунёдкорӣ ворид гардид.
“Муваффақ шудани давлатамон ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ дастоварди бузурги даврони истиқлол мебошад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳид табдил ёфт, яъне робитаи заминии байни ҳамаи минтақаҳои он дар чор фасли сол таъмин гардид.” Эмомалӣ Раҳмон
Дар сиёсати созандаи Пешвои миллат соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳсозӣ ба унвони яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ қарор гирифт.
Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ дар кишвар ҳазорҳо километр роҳҳои автомобилгарди мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, даҳҳо нақбҳои нақлиётӣ (аз ҷумла нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Шаршар» ва «Чормағзак»), пулҳо ва терминалҳои муосири логистикӣ сохта ба фоидаи омма супорида шуданд. Маҳз тавассути амалӣ гардидани ин лоиҳаҳои бузург робитаи заминии байни ҳамаи минтақаҳо дар чор фасли сол таъмин гардид.
Соҳаи нақлиёт имрӯз на танҳо воситаи ҳаракати шаҳрвандон, балки омили асосии рушди тиҷорат, сайёҳӣ, саноат ва кишоварзӣ мебошад. Дар даврони истиқлолият истеҳсоли маҳсулоти саноату кишоварзӣ афзуда, интиқоли бор 1,7 баробар ва нақлиёти мусофирбарори дохилӣ беш аз 3,2 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар заминаи рушди инфрасохтори соҳа, таъмини назорат ва танзим, сифати хизматрасонӣ ва волоияти қонун дар роҳҳо яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт фаъолияти худро ҳамчун мақоми калидӣ пеш мебарад
Таъмини назорат ва танзим дар роҳ ва хизматрасонии баландсифати нақлиётӣ бе фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ва риояи қонун имконнопазир аст. Чун кормандони мақомоти назоратӣ, масъулияти мо аз он иборат аст, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва поквиҷдонӣ фаъолият намуда, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва амнияти онҳоро таъмин намоем.
35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки бо пайравӣ аз сиёсати дурбинонаву созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати содиқонаи аҳли ҷомеа расидан ба калонтарин ҳадафҳои миллӣ имконпазир аст.
Бори дигар ҳамаи шумо — кормандони азизи соҳаи нақлиёт ва тамоми сокинони кишвари маҳбубамонро бо ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ муборакбод гуфта, ба шумо тансиҳатӣ, хонаободӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти масъулиятнокатон ба хотири рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз зафарҳои нав ба нав орзу менамоям!
Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
