Ҳамарӯза аз ҷониби кормандону нозирони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Кӯлоб, корҳои нозиротию фаҳмондадиҳиро байни ронандагон анҷом дода истодаанд. Кормандону нозиронӣ Раёсати Хадамот дар минтақаи Кӯлоб хусусан дар ҳудуди маркази шаҳри Кӯлоб ва дигар ноҳияҳои тобеъи он ҷиҳати ба тартибу низомӣ муайян даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш инчунин дигар воситаҳои нақлиёте , ки ба фаъолияти боркашони ва мусофиркашонӣ машғуланд назоратро пурзӯр намуданд. Нисбати ронандагоне, ки ба фаъолияти ғайриқонуни машғуланд ва ё шарту талаботи иҷозатномаро дағалона вайрон мекунанд, ҳамчунин дигар намуди қоидавайронкуниҳои гуногунро вобаста ба ҳаракат дар роҳ содир менамоянд, нисбаташон маводҳои зарӯри барасмият даровардашуда, ҷаримабандӣ гардиданд. Воситаҳои нақлиёти боркаше, ки аз меъёри муқарраршуда зиёд бор интиқол медиҳанд ба муъёри муқарарри дароварда шуда, борҳои зиёдати дар ҷойҳои махсус фароварда мешаванд. Бояд қайд кард, ки тибқи супориши роҳбарияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ҳамаи кормандону нозирони шуъбаҳои Раёсати Хадамот дар минтақаи Кӯлоб барои танзим намудани воситаҳои нақлиёти боркаш ва эмин нигоҳдоштани роҳҳои автомобилгард аз вайроншавӣ шабонарӯзи корбари намуда истодаанд.












