25 августи соли 2026 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти кориву ҷамъиятиашон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахриро дар вазъияти тантанавӣ супориданд.
Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 35-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ — Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои олӣ самимона табрик намуданд. Сарвари давлат изҳор доштанд, ки давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ мо бо такя ба иродаи қавӣ ва дастгириву заҳмати содиқонаи мардумамон аз марҳалаҳои ниҳоят душвору сангини таърих сарбаландона гузаштем.
Роҳбари давлат саҳми ҳар як нафарро дар раванди созандагиву ободонии Ватан назаррас арзёбӣ намуда, афзуданд, ки заҳмати содиқонаи онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба таври шоиста қадрдонӣ мегардад. Таъкид гардид, ки бо дарназардошти «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон шудани соли 2026, саъю талоши бештар ба хотири ободии тамоми гӯшаву канори кишвар ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ вазифаи аввалиндараҷаи мо мебошад.
Пешвои миллат сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллиро бузургтарин комёбии даврони истиқлол номида, иброз доштанд, ки кормандони сарфарозшуда минбаъд низ неруи худро ба хотири мустаҳкам гардонидани бинои истиқлолу озодии Ватан сафарбар хоҳанд кард.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди меҳнатӣ 165 нафар кормандони касбу кори гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Боиси ифтихори бепоён ва сарфарозии зиёди коллективи кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аст, ки дар миёни сарфарозшудагон Сардори Хадамот — Қурбонзода Далер Қурбон низ барои заҳматҳои шабонарузӣ, фаъолияти пурра, роҳбарии содиқона ва саҳми арзандаашон дар танзиму рушди соҳаи нақлиёти кишвар бо ордени давлатии «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардиданд.
Мукофоти олии давлатие, ки Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон аз дасти мубораки Пешвои муаззами миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифтанд, натиҷаи адолати асил ва қадрдонии шоистаи меҳнатҳои фидокоронаи эшон мебошад. Аҳли алоқа ва тамоми коллективи Хадамот бо чунин роҳбари фаъол, масъулиятшинос ва ватандӯст ифтихор намуда, ин комёбии бузургро натиҷаи меҳнати содиқона ва роҳбарии дурусти эшон дар соҳа медонанд.
Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи онҳоеро, ки бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба фаъолияти ояндаашон муваффақиятҳои нав ба нав ва барори кор орзу намуданд.
Коллективи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбонро бо ин мукофоти олии давлатӣ самимона муборакбод гуфта, ба эшон дар фаъолияти масъулиятнокашон ба хотири рушду ободии Тоҷикистони азиз сиҳатмандии комил ва дастовардҳои нави роҳбарикунандаро таманно доранд!

