Аз 6 то 19 августи соли 2026 ҳайати расмии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт) дар Семинари байналмилалӣ оид ба идоракунии инфрасохтори нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳрҳои Чэнду ва Кунмини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, фаъолона иштирок намуд.
Чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардида, Академияи тайёрии байналмилалии бизнес-расмӣ (AIBO) ва ширкати байналмилалии China Railway Eryuan Engineering Group (CREEC) ба ҳайси ташкилкунанда ва ҳамташкилкунандаи он баромад намуданд.
Ҳайати намояндагони кишвар:
1. Мудинзода Саймиддин Мудин – роҳбари ҳайат;
2. Сангинов Даврон Шомаҳмадович – аъзои ҳайат;
3. Кенҷаева Мавзуна – аъзои ҳайат;
4. Ёқубзода Бахтиёр – аъзои ҳайат;
5. Зоиров Убайдуло – аъзои ҳайат.
Ҳадафҳои стратегии иштирок
Иштироки аъзои ҳайат дар ин чорабинии сатҳи баланд ба амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайяншуда — баромадан аз банди коммуникатсионӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва рушди устувори инфрасохтори нақлиётии мамлакат равона гардид.
Омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва барномаи фарҳангӣ
Дар давоми семинар намояндагони Вазорат бо таҷрибаи бойи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самтҳои сохтмон ва баҳрабардории роҳҳои мошингард дар минтақаҳои кӯҳсор, идоракунии нақлиёти роҳи оҳан, рақамикунонии равандҳо ва ташкили нақлиёти мултимодалӣ шинос шуданд. Бахусус, технологияҳои лоиҳакашии нақбҳо, пулҳо ва қитъаҳои мураккаби кӯҳӣ барои татбиқ дар шароити Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардиданд.
Ҳамчунин аъзои ҳайат аз объектҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Чэнду ва Кунминг дидан намуда, дар таҳкими робитаҳои дӯстонаи ду кишвар ҳисса гузоштанд.
Ҳимояи муваффақонаи кори дипломӣ
Воқеаи марказии семинар ҳимояи кори дипломии омодакардаи ҳайати Тоҷикистон буд. Мавзӯи асосии кор ба «Рушди комплексии инфрасохтори нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳои мошингард, шабакаи роҳи оҳан ва самтҳои ҳамкории стратегӣ бо CREEC» ва мавзӯи иловагӣ ба «Банақшагирии долонҳои калидии тавсеа ва азнавсозии шоҳроҳҳои мошингард» бахшида шуд.
Дар кор таҳлили амиқи бахшҳои роҳдорӣ, рақамикунонӣ ва экология пешниҳод гардид:
– Бахши роҳҳои мошингард: Амалӣ гардидани беш аз 60 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 2 млрд доллари Амрико, сохтмон ва азнавсозии беш аз 2200 км роҳҳо, инчунин баррасии амалисозии 17 лоиҳаи ҷорӣ (2025–2026) ба маблағи 1,2 млрд доллар (аз ҷумла шоҳроҳҳои «Данғара – Гулистон» ва «Гулистон – Фархор»).
– Шабакаи роҳи оҳан: Таҳлили 960–980 км хатҳои роҳи оҳан, ки 69–70%-и интиқоли борҳои стратегиро таъмин мекунанд.
– Рақамикунонӣ ва «инфрасохтори зебо»: Ҷорӣ намудани системаҳои интеллектуалии нақлиётӣ (ITS) ва амалисозии элементҳои «долони зебо» дар лоиҳаи «Гулистон – Данғара» бо дастгирии БРР.
Кори дипломии ҳайати кишвар аз ҷониби коршиносону ташкилкунандагони чинӣ баҳои баланд гирифта, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ эътироф шуд.
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо CREEC (то соли 2030)
Дар натиҷаи музокирот самтҳои асосии мутақобила муайян шуданд:
1. Барқикунонии роҳҳои оҳан: Аз ҷумла қитъаи Ваҳдат – Пахтаобод ва лоиҳакашии хатҳои нав дар самти Чин ва хати Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён.
2. Навсозии системаҳои идоракунӣ: Ҷорӣ намудани идоракунии рақамӣ, сигнализатсия ва алоқа.
3. Ҷалби сармоя: Ҷалби беш аз 100 млн доллари Амрико сармояи мустақим барои сохтмони марказҳои муосири логистикӣ ва бандарҳои хушк.
4. Аудити техникӣ ва омодасозии кадрҳо: Баланд бардоштани малакаи муҳандисони тоҷик бо истифода аз таҷрибаи пешқадами Чин.
Натиҷаҳо ва эътироф
Аз рӯи натиҷаҳои семинар ҳамаи аъзои ҳайати Вазорати нақлиёт аълохон эътироф гардида, соҳиби сертификатҳои расмии байналмилалии баланд бардоштани малакаи касбӣ гардиданд.
Ба тарафи Чин барои ташкили сатҳи баланд ва меҳмоннавозӣ миннатдорӣ изҳор карда шуда, ба нишонаи дӯстӣ армуғонҳои миллӣ ва даъватномаи расмӣ барои ташриф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Иштироки фаъолонаи ҳайат дар ин семинар заминаи мусоидро барои навсозии васеъмиқёси комплекси нақлиётии мамлакат ва воридшавии он ба долонҳои глобалии транзитӣ фароҳам меорад.



















