Хайру эҳсонкорӣ ва дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, ҳадафи асосии он таъмини зиндагии шоиста барои ятимон, маъюбон, барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат мебошад. Ин иқдомҳои наҷиб дар маркази таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрӯзҳо дар ҷомеа ба як анъанаи неки инсондӯстона табдил ёфтаанд.
Амалҳои хайрхоҳона, аз ҷумла расонидани кӯмакҳои молиявӣ, моддӣ ва ғизоӣ, на танҳо пайравӣ ба сиёсати инсондӯстонаи Роҳбари давлат, балки ифодагари арзишҳои волои милливу динӣ мебошанд. Ин иқдомҳо барои поксозии зоҳиру ботин, таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ҳамдигар дар ҷомеа нақши калидӣ мебозанд.
Ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон бо мақсади таъмини иҷрои Барқияи Ҳукуматӣ аз 3 марти соли 2026 №34/10–29 ва дар пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, санаи 11 – 12–уми марти соли 2026 иқдоми навбатии хайриявӣ амалӣ гардид.
Дар доираи ин ташаббус ба бошандагони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб ва Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор миқдори зиёди маводҳои ғизоӣ, сару либосу ва воситаҳои гигиенӣ тақдим карда шуд.
Кӯмакҳои мазкур бо иштироки намояндагони Хадамот, роҳбарият ва кормандони муассисаҳои мазкур ба бошандагон супорида шуданд.
Дар рафти супоридани кӯмакҳо таъкид гардид, ки дастгирии маъюбон ва қишри осебпазири ҷомеа дар арафаи иду ҷашнҳо дар кишвари мо ба ҳукми анъана даромадааст. Ин нишонаи сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат аст, ки ҳеҷ як нафари ниёзмандро дар танҳоӣ намегузоранд.
Чунин иқдомҳои хайриявӣ бори дигар собит месозанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша пуштибони ниёзмандон буда, барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва тавонбахшии иҷтимоии онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд. Ин раванд дар оянда низ идома ёфта, намунаи ибрат барои ҳар як фарди хайрхоҳи кишвар хоҳад буд.
