Санаи 10 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти роҳбарии сардори Хадамот ва бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ ҷаласаи васеи хизматӣ доир гардид.
Ҷаласаи мазкур ба масъалаи «Иҷрои саривақтӣ ва босифати уҳдадориҳои хизматӣ дар меҳвари дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар баён шудаанд, бахшида шуд.
Масъалаҳои асосии мавриди баррасӣ, ин шарҳ ва таҳлили амиқи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», бахусус дар қисмати рушди комплекси нақлиётӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ.
Баррасии раванди иҷрои бандҳои Нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Протоколии ҷаласаҳои назоратии сардори Хадамот, ки мустақиман ба салоҳияти Хадамот вобастаанд.
Тақвияти назорати давлатӣ дар соҳаи нақлиёт бо мақсади таъмини танзими воситаҳои нақлиёти боркашу мусофирбар ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ.
Дар ин замина, ҳар як корманди Хадамот вазифадор аст, ки масъулияти касбии худро дар сатҳи баланд иҷро намуда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи нақлиёт саҳми арзанда гузорад.
Дар ҷараёни маҷлис ҳисоботи масъулини воҳидҳои сохторӣ шунида шуда, камбудиҳои мавҷуда мавриди таҳлили интиқодӣ қарор гирифтанд.
Бо мақсади таъмини иҷрои самарабахши вазифаҳо, қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода шуд, аз ҷумла:
– интизоми меҳнатӣ ва иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳои воридотиро зери назорати доимӣ гиранд;
– дар самти рақамикунонии соҳа ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар раванди назорат корҳоро вусъат бахшанд;
– хизматрасониҳо ва пардохти маблағҳоро танҳо тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монанд;
– пардохти саривақтӣ ва ҷуброни маблағҳои ҷаримаҳои басташударо ба буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намоянд;
– ҷиҳати бартараф намудани ҳаоракати воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн, ки ҳаракати онҳо боиси пеш аз муҳлати истифодабарӣ вайроншавии роҳҳои автомобилгард мешаванд чораҳои дахлдори амалӣ андешанд;
– муносибати касбиро бо шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор дар доираи қонунгузории соҳавӣ такмил диҳанд.
Ҷаласаи мазкур ҳамчун омили муҳим барои баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти дастҷамъонаи кормандони Хадамот дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллии нақлиётӣ хизмат хоҳад кард.












