Санаи 28 январи соли ҷорӣ сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт муҳтарам Қурбонзода Далер Қурбон бо роҳбарони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот маҷлиси ғайнавбатии назоратӣ доир намуданд.
Муҳтарам Қурбонзода Д.Қ. ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босамари онҳо дар назди масъулини Хадамот вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили пурра пешгирӣ ва бартараф намудани гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазну калонҳаҷми аз меъёри муқаррарӣ зиёд ва андешидани чораҳои дахлдор нисбати борфиристонанда, боргиранда ва соҳиби бор тибқи моддаи 82 Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе пардаи ҳимоявӣ ва ифлос дар роҳҳои автомобилгард ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт боркаш, ташкили нуқтаҳои шустушуи нақлиётӣ дар назди биноҳои сохташавандаи шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, риояи муқаррароти қонунгузорӣ дар самти қитъаҳои ҳамшафати роҳ дар асоси қонунгузории ҷорӣ, бо масъулияти баланд ва босифат иҷро намудани уҳдадориҳои мансабӣ, комилан тариқи ғайринақдӣ ба роҳ мондани фаъолияти молиявӣ ва пурра тариқи барномаҳои рақамӣ корбарӣ намудан, пешгирии кирдорҳои ғайриқонунии кормандон, дар нуқтаҳои баркашӣ пурра баркашӣ намудан ва пас аз он додани сертификати баркашӣ, инчунин сертификатҳои мутобиқату салоҳият, бо панелҳо ва камераҳои мушоҳидавии офтобии босифат пурра васлу насб кардани нуқтаҳои назоратию баркашӣ, бо иҷозатнома таъмин намудани нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, терминалҳои ҳамлу нақл ва таваққуфгоҳҳо дар маҷмуъ комплекси нақлиётӣ, танзими фаъолияти таксиҳои кироякаш дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дар терминалҳои мусофиркашонӣ ҷойгир шудани онҳо, одоби муошират бо мусофирон, пушидани сару либоси расмӣ, намуди зоҳирии ронанда, маданияти ронандагӣ, бехатарӣ ва амнияти мусофирбарӣ, инчунин ҳолати санитарию экологии воситаи нақлиёти мусофирбар ва то охири хатсайр рафтани нақлиёти мусофирбар, бо роҳбарони ҷамъияту корхонаҳои комплекси нақлиётӣ ва ронандагон пайваста гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати касбии кормандон, сатҳи забондонӣ ва малакаи кор бо компютер ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти муосири рақамӣ, тибқи талаботи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муқарраршуда иҷро намудани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва пардохти маблағҳои ҷаримаҳои басташуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ зоҳир гардид.
Қурбонзода Д.Қ. иброз доштанд, ки кормандонро зарур аст кору фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, нерӯи худро барои ояндаи дурахшони кишвари маҳбуб равона намоянд ва содиқонаву софдилона меҳнати пурсамару созанда дошта бошанд.
Дар фароварди маҷлис бо назардошти масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.








