Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” бо мақсади муайян намудани мутобиқати мансаби ишғолнамудаи хизматчиёни давлатӣ баргузор карда мешавад.
Дар ин замина, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30–юми майи соли 2008 №468 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ва маъмурӣ” ва фармоиши сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз 5 январи соли 2026 №02 аттестатсияи 90 нафар хизматчиёни давлатии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз санаи 19 то 23 январи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар аттестатсия раиси комиссия – Қурбонзода Д.Қ., намояндагони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Муқимзода Н., Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рауфзода М., Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳодизода К. ва дигар аъзоёни комиссия иштирок намудаанд.
Дар робита ба ин, боиси қайд аст, ки тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мадди аввал буда, ҷиҳати саривақт амалинамоии фаъолияти кормандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.





